ВидеоҶанг дар Украина

ДАР ЯК ҲАМЛА ДАР УКРАИНА 23 ЧЕЧЕН АЗ “АРТИШИ ҚОДИРОВ” КУШТА, 58 КАС ЗАХМӢ ШУДАНД

Раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия Рамазон Қодиров рӯзи 28 октябри соли 2022 дар каналаш дар Телеграм тасдиқ кард, ки дар аввали ҳафтаи равон дар вилояти Херсони Украина дар натиҷаи як ҳамла бо тӯпҳо якбора 23 сарбози чечен кушта ва 58 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Бисёриҳо медонанд, ки дар аввали ҳафтаи ҷорӣ яке аз воҳидҳои чеченҳо мавриди тӯпборон қарор гирифт. Ин дар вилояти Херсон рӯй дод. Тамоми корҳои наҷотдиҳӣ ба анҷом расиданд ва рӯйхатти ниҳоии қурбониён таҳия шудааст. 23 нафар кушта шудаанд ва 58 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин шумор 4 нафар ҷароҳатҳои вазнин доранд, вале ба ҳаёти онҳо таҳдиде вуҷуд надорад “, – хабар додааст Рамазон Қодиров. Ин яке аз сангинтарин талафоти нирӯҳои ба ҷанги Украина фиристодашуда аз Чеченистон дониста мешавад.

Қодиров ба аҳли хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар исрор варзидааст, ки “чеченҳо дар ҷиҳод иштирок доранд ва ба зидди қувваҳои иблисӣ меҷанганд”.

Қодиров ваъда дод, ки ба хонаводаҳои кушташудагон кумакҳои лозим расонда мешавад ва наздикони кушташудагонро ҳатто барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мефиристанд: “Мо ҳамеша дар ҳаққи оилаҳои бародарони кушташудаамон ғамхорӣ зоҳир хоҳем кард. Албатта, ягон неъмати ин дунё кушташудагонро дигар барнамегардонад, вале ғамхорӣ дар ҳаққи оилаҳои онҳо вазифаи мост. Барои дафни ҳар сарбози дар амалиёти махсуси ҳарбӣ кушташуда мо як миллион рубл ҷудо мекунем ва давлат боз ба оилаҳои онҳо 12 миллиони дигар медиҳад. Захмиён семиллионӣ мегиранд. Ба ғайр аз ин, мо барои оилаҳои кушташудагон сафар барои зиёрати Маккаро фароҳам меорем”.

Рамазон Қодиров яке аз он роҳбарони минтақаҳои русия аст, ки аз ҷанги зидди Украине хеле гарм истиқбол кард ва барои фиристодани ихтиёриён аз Чеченистон ба ин ҷанг маъракаи густардаеро ба роҳ андохтааст. Қодиров ва рӯҳониёни ба ӯ содиқ ҳатто ҷанг ба зидди Украинаро “ҷиҳод” ва “ғазавот” ва  нирӯҳои Украинаро “нирӯҳои аҳриманӣ ё шайтонӣ” номида, иддао доранд, ки ҳар касе дар ин ҷанг кушта шавад, гӯё “шаҳид” мешавад.

Вале вақтҳои охир шумори чеченҳои довталаб барои рафтан ба ҷанги Украина хеле кам шудааст ва бино ба хабарҳо, дар ин ҷумҳурӣ ҳоло муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро бо ҳар гуна ваъдаҳо ҷалб карда истодаанд, то ба саффи “артиши Қодиров” пайваста, ба Украина бираванд.

Ҷанговарони Рамазон Қодировро дар Украина ба даст доштан дар ҷиноятҳои ҷангӣ айбдор мекунанд ва сарбозони фиристодаи раҳбари Чеченистонро бо истеҳзо ҳатто “артиши Тик-Ток” меноманд, чунки онҳо дӯст медоранд, ки ҳаракатҳои худ дар Украинаро сабт карда, ин видеоҳоро дар Интернет гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button