ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАЪДИ ЧАНД РӮЗИ БОРОНӢ, ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО +27 ДАРАҶА ГАРМ МЕШАВАД

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, баъди чанд рӯзи сарду пурбориш, рӯзи 28 октябри соли 2022 ҳаво дар Тоҷикистон нисбатан гармтар мешавад ва ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна то +24 ва дар ҷануби кишвар рӯзона ҳатто то +27 дараҷа гарм мешавад. Ин ҳавои гарм рӯзи шанбе, 29 октябр низ давом мекунад, вале  рӯзҳои якшанбе ва душанбе, ду рӯзи охири моҳи октябр ҳаво дигарбора боронӣ шуда, ҳарорат +16 дараҷа поён хоҳад рафт.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзи 28 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8  дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button