Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ МУНОҚИШАИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 270 ҲАЗОР ЕВРО КУМАК ҶУДО КАРД

Иттиҳоди Аврупо  хабар дод, ки ба зарардидагони муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябр адр марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба маблағи беш аз 270 000 евро кӯмаки башардӯстона ҷудо кардааст. Дар иттилоияи расмии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин кумак барои дастгирии тақрибан 12 000 нафар дар бархе аз манотиқи аз ҳама осебдида дар вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд, инчунин водии Рашт ва ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда хоҳад шуд. Яъне ба ҳар нафари зарардида Иттиҳоди Аврупо тақрибан 22 евро кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тариқи Ҷамъиятҳои Ҳилоли аҳмари Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади дастгирии оилаҳои осебдида дар ҳарду кишвар, бахусус онҳое, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, дар шакли грантҳои нақдӣ пешниҳод карда мешавад.

“Ҷомеаҳои осебдида инчунин тавассути фаъолият ва маводҳои дигар, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба таблиғи саломатӣ ва беҳдошт, маводҳои гигиенӣ ва кӯмаки равонӣ дастгирӣ карда мешаванд”, гуфта мешавад дар иттилоия. Аммо суоле бармехезад, ки оё як оилаи зарардида бо 23 евро кумак кадом гӯшаи зарари бардоштаашро метавонад бипӯшонад?

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо гуфт, маблағгузории мазкур дар доираи саҳми умумии ИА ба Хазинаи кӯмаки таъҷилӣ дар ҳолати офатҳо (DREF)-и Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар (IFRC) ва инчунин Барномаи шарикӣ бо IFRC барои пешниҳоди кӯмаки муассир ва суроғавӣ дар сатҳи маҳал ба ҷамоатҳои ниёзманд пешниҳод карда мешавад.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябр дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 750 нафар захмӣ гардида, садҳо хонаву мағозаву иншооти дигар ба коми оташ рафт.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ин муноқиша  бар сари дастрасӣ ба об, роҳ ва чарогоҳҳо боис шуд, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 150 000 нафар хонаҳои худро тарк кунанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои шадиди дурӯзаи миёни нерӯҳои қирғизу тоҷик инчунин садҳо манзил, иншооти ҷамъиятӣ ва инфрасохтор ҳисорот дида, шумораи бисёри мардум манзил, амвол, маводи ғизоӣ ва манобеъи зиндагии худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button