ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

СӮХТОР ДАР СЕ МАНЗИЛ ДАР ДЕҲАИ БАРЧИДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16-уми октябри соли  2022 бар асари сӯхтор дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се манзил зарар дидааст.

Гуфта мешавад, сӯхтор соати 13%25 ба вақти маҳаллӣ рух дода, манзилҳои се сокини ноҳияи Барчидро фаро гирифтааст.

“Бо талоши Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ин оташсӯзӣ хомӯш карда шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар бораи сабабҳои сӯхтори якбора се хона дар деҳаи Барчид маълумоте то ин соат дар даст нест.

Барчид деҳаест дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон. Дар Барчид, бар асоси омори соли 2012, беш аз 700 нафар зиндагӣ мекарданд. Барчид аз маркази ноҳияи Шуғнон 16 километр ва аз шаҳри Хоруғ, маркази вилоят 18 километр дуртар буда, дар соҳили дарёи Панҷ, дар марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Бино ба иттилои Википедия, дар Барчид мактаби ибтидоӣ, бунгоҳи тиббӣ, як коргоҳи коркарди чӯб, як коргоҳи мӯдадӯзӣ ва ҳамчунин фурӯшгоҳи хусусӣ амал мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ дар деҳаи Барчид боғдорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ буда, заминҳои ин деҳа аз оби дарёи Барчиддара обёрӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button