ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ҶАҲОНОРО АЗ ПАНҶАКЕНТ МЕГӮЯД, СПИД ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ! (ВИДЕО)

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Бознашр аз торнамои “Нури Офтоб”

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ омад, ба вируси норасоии масунияти организм (ВНМО, СПИД) гирифтор мешавад. Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш маълум мегардад, ки худаш, шавҳараш ва тифли навзодашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд
. Шавҳари Ҷаҳоноро аз Русия олуда гардида, ҳамсарашро низ гирифтор мекунад ва бо ҳамин фарзандашон ҳам гирифтори ВНМО мешавад. Ҷаҳоноро қисса мекунад, ки баъди гирифтани табобати зиддивирусӣ фарзанди сеюмашон солим бе вируси ВНМО ба дунё омад. 

– Агар солҳои қабл дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент, раванди гирифторшавӣ ба бемории ВНМО тариқи сӯзандору зиёд ба қайд гирифта мешуд, вале солҳои охир ин тенденсия кам ва гирифторшавӣ ба воситаи алоқаи ҷинсӣ зиёд гардидааст – мегӯяд Маҳмадмурод Сафаров роҳбари Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳри Панҷакент. 

Маҳмадмурод Сафаров

 – Мо ҳама беморонро қабул мекунем, ташхис ва табобат намуда махфиятро нигоҳ медорем. Ҳама одамоне, ки гирифтори ВНМО мебошанд, баробари дигар мардуми солим ҳуқуқи зисту зиндагони ва ҷудо аз табъиз бояд бошанд. Мо махфиятро кафолат медиҳем ва ба ҷуз аз қарори суд дар бораи ягон нафар аз гирифтори ВНМО ба касе ё ҷое маълумот намедиҳем – мегӯяд ҷаноби Сафаров. 

Мо инҷо дар бораиҳои чи будани бемориҳои ВНМО/БПНМ руҷӯъ намекунем ва хонандагон метавонанд оиди он маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Афиф пайдо намоянд.

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ВНМО/БПНМ

https://afif.tj/tg/dar-borai-bemoriho/vnmo-bpnm.html

Ҳамчунин дар сомонаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳурияви ипешгирӣ ва мубориза  бар зидди ВНМО таърих ва фактҳо оиди ин беморӣ оварда шудаастБа андешаи мутахасисони соҳа, дар байни мардум то ҳол бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ сатҳи нокифояи маълумот дар бораи роҳҳои гирифторшавӣ ба ВНМО, ҳимоя аз ин вирус, гирифтани табобати ретровирусӣ дар сатҳи нокифоя боқӣ мондааст. Мо дар як инфографика роҳҳои гузариш ва нагузаштани ВНМО-ро гирд овардем: 

Табибони вогиршинос ба ин назаранд, ки гирифтани табобати саривақтӣ метавонад ашхоси дорои ВНМО-ро солҳо умрашонро дароз намояд. Академик Вадиим Валентиинович Покровский, яке аз табибони машҳури вигиршинос дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки агар усулҳои имрӯзаи табобатро шахсони гирифтории ВНМО риоя накунанд, дар муддати 10 сол баъди олудагӣ ба ин вирус 50%, баъд аз 20 сол 95% ба касалии бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ) гирифтор мешаванд. БПНМ ин дараҷаи охири гирифтории ВНМО мебошад.

Исботи он, ки инсоният метавонад бо гирифтани табобати антивирусӣ дараҷаи ВНМО-ро паст кунад ва аз ӯ фарзандони солим ба дунё оянд, зиндагии қаҳрамони асосии ҳамин матлаб Ҷаҳоноро мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button