ВидеоҲуқуқи инсон

ШӮХӢ НАКУН БА ДОМОД… ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 17 октябри соли 2022 дар як мурофиаи пушти дарҳои баста, ки дар бинои боздоштгоҳ доир шуд, ҳунарпеша, блогер ва журналисти шинохтаи тоҷик Далер Бобиев, маъруф бо тахаллуси Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.  Дар ин бора рӯзи 18 октябр наздикони Далери Имомалӣ ба журналистон хабар доданд. Додгоҳ Далери Имомалиро бар асоси моддаҳои 259, қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) ва  307, иловаи 3,  қисми 2 (иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор шинохта, барои соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҳисоби блогерӣ ҷарима ҳам бастааст. Ҳаҷми ҷарима маълум нест.

Кӯшишҳои хабарнигори “Азия-Плюс” барои дастрас кардани маълумоти бештар аз Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ   бесамар буд, зеро вакили дифоъ аз ироаи  ҳатто муҳлати ҳукми эълонгардида худдорӣ карда, танҳо гуфтааст, ки “ҳукм хонда шуд”. Маълум нест, ки оё аз ин ҳукм шиноят хоҳанд бурд ё на?

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12 октябр аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои Далери Имомалӣ ҳамчун ҷазо 10 солу 6 моҳи зиндон талаб карда буд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур  таҳти раёсати додрас Даврон Назарзода тоза рӯзи 7 октябр ба баррасии парвандаи Далери Имомалӣ оғоз кард ва талаби 10,5 соли зиндон барои ӯ алакай дар рӯзи дуюми мурофиа садо дод.

  Далери Имомалӣ ва журналисти ҳамкораш Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15 июни соли ҷорӣ дар пайи нашри силсилаи видеорепортажҳо дар бораи вайрон кардани хонаҳои сохтаи мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ва интиқод аз мақомоти ин ноҳия, аз ҷумла додситонаш  дастгир шуданд. Тавре маълум шуд, додситони ноҳияи Шоҳмансур писари вазири адлия Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён буда, ба қавли мардум “пушти хеле зӯр” доштааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 4 октябр Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Дар умум, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷулма дастикам 6 журналисту блогери зодаи Бадахшон, дастгир шуданд. Аз ин шумор Муҳаммади Султон алакай ба 7 соли зиндон, Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Далери Имомалӣ ва блогери бадахшонӣ Комчек Мирзоев ҳар кадом  ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, ҳоло дар додгоҳҳо баррасии парвандаҳои Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва боз як фаъоли зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева идома доранд.

Ҳамаи ин мурофиаҳо пушти дарҳои баста баргузор мешаванд. Мақомот сабаби бидуни ҳузури наздикон, аҳли ҷомиа ва хабарнигорон баргузор кардани мурофиаҳои парвандаҳои журналистону блогерҳоро шарҳ намедиҳанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналдистон, ин парвандаҳоро талош барои тарсондан ва бастани даҳони журналистони тоҷик номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хушом Гулям ва дигар журналистону блогерҳои ҳабсшударо талаб кардаанд. Вале Душанбе то кунун ба ин талабҳо эътиборе надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Гар ба шарти пойбуси сар бимонад дар сарат,
    Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандаги дар кор нест.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button