ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

ДАЪВАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА: БА ОНҲОЕ, КИ БА ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР МЕШАВАНД, ПАНОҲГОҲ НАДИҲЕД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 октябри соли 2022 дар анҷумани байналмилалии мубориза бо терроризм, ки дар Душанбе ба кор оғоз кард, сатҳи муборизаи ҷомиаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои террористиро нокифоя номид ва аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба Тоҷикистон, ки ба ақидаи ӯ, дар хатти аввали ҷабҳаи ҷанг бо терроризм қарор дошта, бо Афғонистони ноамн қариб 1400 километр марзи муштарак дорад, кумаки бештар ироа кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар солҳои охир беш аз 400 нафар аз шаҳрвандонаш, асосан занону кӯдаконро аз  Сурияву Ироқ ва ҳамчунин беш аз 5 ҳазор донишҷӯи тоҷикро “бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ” аз мадрасҳои динии хориҷӣ ба Ватан баргардонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои пешрафтаи дунё хост, аз додани ҳаққи паноҳандагӣ ба онҳое, ки ба амалҳои террористӣ айбдор мешаванд, худдорӣ кунанд ва баракс барои боздошт ва ба дасти мақомот супурдани чунин афрод мусоидат кунанд.

“Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯиистифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани Душанбе.

Ишораи президенти Тоҷикистон зоҳиран ба сӯи раҳбарон ва тарафдорони ҳизби оппозитсионии наҳзати ислом (ҲНИТ) аст, ки дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон ва фаъолияташ мамнӯъ шудааст, вале  садҳо нафар аз роҳбарон ва аъзои ҲНИТ дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти худро аз онҷо идома медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст”.

Эмомалӣ Раҳмон таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалиро аз ҷумлаи дигар таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа баршумурд ва аз хабарнигорон даъват кард, ки ба афроди тундгаро ва террорист минбар надиҳанд ва нодониста сабабгори тарғиби ақидаҳои онҳо нашаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба ин ки Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад ва ин тақрибан 60 фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишварро ташкил медиҳад, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон — консепсияи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро амри зарурӣ номид  ва зикр кард, ки Тоҷикистон ба хотири таҳкими марзаш бо Афғонистон тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода дод ва  ҳоло сохтмони 30 иншооти дигар идома дорад, вале ба Тоҷикистон о лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбутаро бунёд кунад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳои дунёст, ки мухолифини ҳокимони нави Афғонистон аз ҳаракати тундрави Толибонро ба таври ошкоро пинҳон мекунад ва ба бисёре аз роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ва аҳли хонаводаҳои онҳо  дар қаламрави худ паноҳгоҳ додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button