ВидеоҶомеа

АЗИЗУЛЛОИ ҶАВОНМАРГРО БАЪДИ 46 РӮЗ ЁФТА, БА ХОК СУПУРДАНД

Ҷанозаи Азизулло Зоидбоев,  сокини 22-солаи ҷамоати Ворухи Исфара, писари сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоевро, ки баъди садамаи пурқурбонии шоми 31 августи соли 2022 дар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ нопадид шуда буд, баъди 46 рӯзи ҷустуҷӯ,  рӯзи 16 октябр билохира аз соҳили Фондарё пайдо карда, субҳи 17 октябр дар Ворух ба хок супурдаанд. Азизулло Зоидбоев шоми 31 август дар роҳ ба Душанбе дучори садама шуд. Ӯ дар соли панҷуми донишгоҳ таҳсил мекард ва дар арафаи шурӯи соли нави таҳсил ба Душанбе раҳсипор буд. Дар он садама 3 нафар ҷон бохтанд, вале ҷустуҷӯи ҷанозаи Азизулло чунин зиёд тӯл кашид. Се қурбонии дигарро алакай дар соатҳову рӯзҳои аввали баъди садама пайдо карданд.

Созмони “Ормони Дилҳо Исфара” дар Фейсбук бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони Азизулло хабар дод, ки маросими намози ҷаноза ва дафни ӯ субҳи 17 октябр дар Ворух бяаргузор шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бидуни зикри номи Азизулло Зоидбоев, бархе ҷузъиёти чӣ гуна ёфт шудани ҷанозаи ӯро нашр кардааст:

“Бино ба хабари сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Айнӣ 16-уми октябри соли 2022 соати 17:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили дарёи Фон, дар километри 124 роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Кумарги ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ҷасади шахси номаълуме зоҳир шуд.

Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ аз боло поин шуданд ва ҷасадро боло оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхис супурданд.

Маълум шуд, ки ӯ як сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, 22 сол доштааст. Номбурда дар як садамаи мошин дар таърихи 31 август дар наздикии деҳаи Чоре ба ҳалокат расида буд. Ҳамчуноне хабар дода будем, он замон ҷасадро якҷо бо мошин маҷрои об бурда буд”.

Наздикон ва дӯстони Азизулло Зоидбоев то охирин лаҳза  бовар доштанд, ки ӯ зинда аст ва аз ҳама хоҳиш доштанд, ки барои зинда пайдо кардани ин ҷавони донишҷӯ дуо кунанд.

Яке аз дӯстони Азизулло ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфта буд, Азизулло дар соли панҷуми донишгоҳ таҳсил мекард ва ба далели оғози соли таҳсил ба Душанбе раҳсипор буд, вале аз қазо мошинашон ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегуфтанд, ки ронанда ва як мусофири он мошини “Мерседес”, ки дар он садама зинда монданд, хабар додаанд, ки Азизулло тавонистааст ҳанӯз то ба дарё афтодани мошин худро ба берун ҳаво диҳад. Ин  дӯстону наздикони Азизуллоро умедвор карда буд, ки ӯ зинда аст ва ҳатман ёфт хоҳад шуд.

Дар аввали моҳи сентябри соли 2022 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабтҳои видеоиеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаҳои бо кумаки кран ва таҷҳизоти махсус аз рӯди Фондарё берун кашидани мошини “Mercedes-Benz” ва ҷасади як мусофири ҳалокшудаи ин мошин сабт шуда буд. Ин мошин шоми 31 август ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт. Дар ин садама, ронандаи мошин Исмоилов Ҳаким Наврӯзович, соли таваллудаш 1965, , ки он шом бо мошинаш аз Исфара ба Душанбе мусофир мебурд,  ва мусофираш Насриддинов Нурулло Қабиевич, соли таваллудаш 1962,  бо вуҷуди ҷароҳатҳои сахт бардоштан зинда монданд. Вале се мусофири дигари мошин он шоми наҳс нопадид шуданд.

Дар давоми 5 рӯзи ҷустуҷӯ ба сокинони Ворух ва наҷотбахшон муяссар шуд, ки бо кумаки мардуми маҳаллӣ ду ҷасадро пайдо кунанд ва аз об берун бикашанд. Яке аз онҳо сарбозе аз ноҳияи Восеъ будааст, ки дар Исфара  хидмат мекард. Дуюмӣ Насриддинов Мурод Нуруллоевич, соли таваллудаш 1985,  писари ягона мусофири зиндамонда дар он садама Насриддинов Нурулло буд. Вале ҷустуҷӯи Азизулло Зоидбоев 56 рӯз давом кард.  Мутаассифона, умеди наздиконаш барои зинда пайдо кардани Азизулло бароварда нашуд.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоев ва дигар пайвандони Азизулло изҳори ҳамдардии амиқ мекунад.

Худованд макони охираташро Ҷаннат гардонад!

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button