Дин ва боварҳоСиёсатТоҷикистон

АЗ ҲНИТ ВА “ГУРУҲИ 24” ТО ДОИШУ ТОЛИБОН ВА ҲИЗБИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ: РӮЙХАТТИ 18 СОЗМОНИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮЪ

“Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 18 октябри соли 2022 рӯйхатти 18 ҳизбу созмону ҳаракатеро, ки дар Тоҷикистон ифротӣ ё террористӣ шинохта шуда, фаъолияташон мамнӯъ шудааст, нашр кард.  Ин рӯйхатт созмонҳои хориҷие, чун АлҚоида, Толибон, Лашкари Тайиба, “Ихвонулмуслимин”, ДОИШ, Ҷамоати Таблиғ, Ҷабҳатаннусра, ҳизби Таҳрир, ва ҳамчунин созмонҳои сирф “тоҷикӣ”, ба мисли ҲНИТ (ҳизби наҳзати ислом), “Гуруҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон, ҷамоати Ансоруллоҳро фаро мегирад. Ҳамаи ин аҳзоби  дар Тоҷикистон мамнӯъ  дар холи ҳозир дар хориҷи кишвар: ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ ва “Гуруҳи 24” асосан дар Аврупо ва ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон амал мекунанд.

Дар байни созмонҳои мамнӯи “тоҷикӣ”  созмоне бо номҳои “Тоҷикистони озод” низ ҳаст, ки  фаъолияташ ҳанӯз соли 2006 мамнӯъ ва худи ин созмон ҳам ифротӣ ва ҳам террористӣ эълон гардидааст. Бино ба маълумоти дар Википедия нашршуда, ҳизби Тоҷикистони озод дар поёни соли 1998 дар қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби тарафдорони полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев таъсис ёфтааст. 4 ноябри соли 1998 нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ҳамла оварда, маркази ин вилоят, шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин роҳи асосии байни шимол ва маркази ҷумҳуриро барои чанд рӯз ишғол карданд. Аммо ин ҳамлаи полковник Худойбердиев низ ба шикаст мувоҷеҳ гардид ва ӯ дигарбора ба тарафи Ӯзбекистон фирор кард. Соли 2020 маълумоте нашр шуд, ки беш аз 100 нафар аз боқимондаҳои тарафдорони Худойбердиев ҳамчунон дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд ва то ҳол шаҳрвандӣ нагирифтаанд. Худи Маҳмуд Худойбердиев низ, бовар меравад, ки дар Ӯзбекистон аст ва бар хилофи овозаҳо, ҳанӯз зинда мебошад.

Ин полковники шӯришгар, ки соли 1992 аз тарафи Фронти халқӣ меҷангид, баъдан дар миёнаҳои солҳои 90 чанд дафъа талош кард, ки ҷангиёни асосан ӯзбекзабонро дар атрофи худ муттаҳид карда, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро сарнагун кунад, вале муваффақ нашуд ва соли 1997, дар пайи нокомии ошӯби охиринаш ба Ӯзбекистон фирор кард.

Нашри рӯйхатти аҳзобу гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 октябри соли 2022 дар анҷумани байналмилалии мубориза бо терроризм дар Душанбе аз кишварҳои пешрафтаи дунё хост, аз додани ҳаққи паноҳандагӣ ба онҳое, ки ба амалҳои террористӣ айбдор мешаванд, худдорӣ кунанд ва баракс барои боздошт ва ба дасти мақомот супурдани чунин афрод мусоидат кунанд.

“Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯиистифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани Душанбе.

Ишораи президенти Тоҷикистон зоҳиран ба сӯи раҳбарон ва тарафдорони ҳизби оппозитсионии наҳзати ислом (ҲНИТ) аст, ки дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон ва фаъолияташ мамнӯъ шудааст, вале  садҳо нафар аз роҳбарон ва аъзои ҲНИТ дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти худро аз онҷо идома медиҳанд.

РӮЙХАТИ 18 ҲИЗБУ СОЗМОНИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮЪ:

1. «Ал-Қоида» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

2. «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

3. «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

4. «Ҳаракати «Толибон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

5. «Бародарони мусалмон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

6. «Лашкари Тайиба» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

7. «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти Исломии Покистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

8. «Ҷамъияти Таблиғ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

9. «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

10. «Тоҷикистони озод» – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

11. «Ҳизб-ут-Таҳрир» — ташкилоте, ки экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008).

12. «Ҷамоат (Ҷамъият)» (Ансоруллоҳ) – ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012.

13. «Салафия» – ҷараёни диние, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2009), созмони экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014).

14. «Гуруҳи 24» — ҳаракати ҷамъиятие, ки экстремистӣ ва фаъолияташ ғайриқонунӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олдии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014).

15. «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ, ДОИШ) – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

16. «Ҷабҳат -ан -Нусра» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

17. «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст — (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015).

18. «Паймони миллии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button