ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 18 ТО 20 ОКТЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНУ ШАМОЛҲОИ САХТРО ПЕШГӮӢ МЕКУНАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок аз ҷумлаи ҳамин ноҷӯриҳои табиатанд.

Дар ин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд. 

Дар ҳушдори Кумита ҳамчунин гқфта мешавад, ки ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд.

Кумита ҳамчунин аз касоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳагиз  маслиҳат нест, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд. Ҳамчунин хоҳиш мекунад, ғами саломатии худро низ хӯранд ва либоси гарм пӯшанд, то гирифтори ҳар гуна бемориҳои назири сармохӯрдагӣ нагарданд.

КҲФ ҳамчуни н аз ронандагон хоҳиш мекунад мушкилоти роҳҳои кӯҳиро дар оғози фасли сард ба хотир оранд. Ҳавои сарду боронӣ метавонад ба гардишу ҳаракати мошини шумо мушкил эҷод кунад. Аз ин рӯ, қабл аз сафар мошинҳои худро ҷиддан аз назар гузаронед.

Риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ронандагон гарави аслии амният аст, таъкид кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button