ВарзишВидео

ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) БА МАРҲАЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲ ЁФТ (7 АКС)

Дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “Н” бо касби 6 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳалаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Бозиҳои гуруҳи “Н” байни се дастаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон дар Душанбе доир шуданд. Дар аввал Тоҷикистон Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 ва Афғонистон футболбозони муғулро бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 5:0 шикаст доданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ ба дастаи Афғонистон натиҷаи мусовӣ кофӣ буд, ки ғолиби ин гуруҳ гардида, аз мақоми аввал ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ биёбад.

Вале футболбозони навраси тоҷик ин имконро барои рақибони худ надоданд ва дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, тавонистанд дар ин рақобат пирӯз шаванд. Голҳоро Беҳрӯз Хоҷаев дар дақиқаи 21 ва Диловари Ҷамшедзода дар дақиқаи 80-ум заданд.

Бозии байни дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон шоми 9 котябри соли 2022  дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 3500 тамошобин баргузор шуд. Шаҳбон Нимов аз дастаи Тоҷикистон беҳтарин бозигари ин рақобат дониста шуд.

Ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Дастаи Муғулистон, ки ҳарду бозияшро бохт ва ягон имтиёз ба даст наовард, дар ин гуруҳ дар мақоми охирин қарор гирифт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «Н». Даври 3

ТОҶИКИСТОН — Афғонистон — 2:0

Голҳо: Беҳрӯз Хуҷаев, 21 (1:0). Диловари Ҷамшедзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳбон Наимов (Тоҷикистон).

9 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошобин.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button