ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР ИСФАРА: ЯК МАРДИ СОЛХӮРДА МАСТОМАСТ ҲАМҚАДАҲАШРО КУШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли 2022 аз як одамкушӣ дар Исфара хабар дод. Бино ба ин манбаъ, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба яяк марди 56-солаи сокини Исфара бар асоси моддаи 110, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, ки марди дастгиршуда шоми 6-уми октябри соли 2022, тахминан соати 19:30, ҳангоми дар заминҳои хоҷагии деҳқонии “Заркӯҳ”-и шаҳри Исфара қарор доштанаш, бо марди 57-солаи сокини Исфара вохӯрда,  ҳарду нӯшокии спиртӣ истеъмол кардаанд. Ҳангоми нӯшонӯшӣ байни онҳр муноқиша бархостааст ва ӯ ба  ҳамқадаҳаш ҳамла оварда, бо корд якчанд маротиба ба гардан ва аъзои бадани ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба  сокини дастгиршудаи Исфара бар асоси қисми сеюми моддаи 110 ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 22 ҳолати куштор рух додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button