ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: НАҶОТИ БОЗ ЯК ДУХТАРИ НОБОЛИҒ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 7 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, кормандони милитсия ва сокинон як духтари ноболиғро, ки мехост худро аз қабати 9-уми бинои истиқоматӣ ба замин партофта, худкушӣ кунад, наҷот додаанд.

Маркази матбуоти РВКД ш. Душанбе  хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 7 октябр, тақрибан соати 14:00,  ба мақомоти милитсияи пойтахт хабари фаврӣ ворид гардид, ки як духтари ноболиғ мехоҳад худро аз қабати 9-уми бинои истиқоматӣ ба поён партофта, худкушӣ кунад. Кормандони милитсия барои таҳқиқи ин хабар билофосила ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тавонистаанд бо ёрии сокинони бино духтари ноболиғро наҷот диҳанд.

“Тибқи санҷишҳои пешакӣ сабабгори ин ҳодиса нофаҳмиҳои оилавӣ будааст. Айни замон номбурда сиҳату саломат буда, пизишкону равоншиносон бо ҷавондухтар ёрии тиббию равонӣ расонида истодаанд”, хабар дод милитсияи Душанбе.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дар 10 рӯзи охир ин алакай дуюмин ҳодисаи қасди худкушии духтарон бо чунин шева дар Душанбест, ки хушбахтона, ҳарду ҳолат пешгирӣ карда шуд.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки соати қариб сеи шаби 28 сентябри соли 2022 наҷотдиҳандагони ин ниҳод аз қасди худкушии як духтари 25-сола пешгирӣ кардаанд. Ин духтар аз шаҳри Бохтар, ки ба Душанбе омада, мехостааст, ки худро аз қабати 16-уми бино ба замин партояд.

Бино ба иттилоияи  Кумита, шаби 28 сентябр, соати 02:39, ба қисми навбатдори ин ниҳод сокинони бинои № 56 хиёбони Синои шаҳри Душанбе занг зада хабар додаанд, ки як духтар мехоҳад худро аз қабати 16-уми бино ба замин партояд ва барои наҷоти ӯ кумак лозим аст.

Наҷотдиҳандагон аз гуруҳи зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт билофосила ба ҷои ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки як духтари соли таваллудаш 1997 аз шаҳри Бохтар дар лаби бом истода, касеро ба пешаш наздик шудан намемонад ва таҳдид мекунад, ки худро мекушад.

Равоншиноси кумита бо ин духтар ба суҳбат пардохт ва бо ин таваҷҷуҳи ӯро ба худ кашид. Дар ин байн наҷотдиҳандагони дигар тавассути тирезаи дигар гузашта, тавонистанд ӯро аз болои бом бигиранд. Амалиёти наҷоти ин духтар алакай соати 02:42 ба поён расид.

 Духтари наҷотёфтаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Бино ба маълумоти аввалия,  ин духтар ҳам ба сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ қасди ҷони худ кардааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳое, ки қасди ҷони худ мекунанд занону духтарони ҷавон, аз ҷумла ноболиғон ташкил медиҳанд.

Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button