Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЁВОНУ МЕҲНАТОБОД ВА КОРДЗАНӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ПАХТАКОР

Субҳи 3 октябр, тахминан соати 05:10, дар ҳудуди шаҳраки Ёвон бар асари ба дарахт бархӯрдани мошини тамғаи “ВАЗ-2114”, ронандаи ин мошин, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххх
Рӯзи 3 октябр, тахминан соати 16:30, дар роҳи Бохтар Вахш, дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатобод як кӯдаки шашсола аз ноҳияи Ҷомӣ зери чархи”Опел” монда, дар беморхона ҷон бохтааст.

ххххххххххх

Ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки шоми 19 сентябр, тахминан соати 18:00, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд аз сабаби хусумати шахсӣ марди 39-солаи сокини Хуҷандро латтукӯб карда, ба шикамаш як корд задааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 04.10.2022

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

1212

3-юми октябри соли 2022, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2114”, Шарипов Ҷаҳонгир Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Шарипов Ҷ.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 3-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Бобохон Маҳсиддинович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Каримов Абдулло Мирзохуҷаевич, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи А.Ҷомиро пахш намуда, сипас, автомашина дар дохили канали обгузар чаппа шудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Каримов А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз корд

001

Нисбати ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, ки ӯ 19-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ бо корд 1-маротиба ба шикамаш ва 1-маротиба бо мушт ба рӯяш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button