ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

БАРКАНОРИИ РОҲБАРОНИ “ТОҶИК ЭЙР” BA ХАДАМОТИ ТАНЗИМИ НАҚЛИЁТ ВА ВАЗИРЕ, КИ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПОРА ГИРИФТААСТ

Президенти Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли 2022 ҷаласаи ҳармоҳаи ҳукуматашро баргузор карда,  ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳо  4 моҳ муҳлат дод ва ҳамчунин дар ин рӯз чанд тағйироти кадриро ба амал овард.

Аз ҷумла Раҳмон рӯзи 29 сентябр Дилшод Исматуллозодаро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”аз мақоми мудири кулли ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр озод ва ба ҷои ӯ  Шодмонзода Парвиз Абдураҳимро роҳбари ин корхона таъйин кардааст. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Исматуллозода хабаре нашр нашудааст.

Дилшод Исматуллозода, ки қаблан дар мақоми муовини раиси дастгоҳи президент кор мекард, 22 январи соли 2019 дар ҳоле роҳбари “Тоҷик Эйр” таъйин шуд, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ ба сабаби мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ карда буд. Як вазифаи асосие, ки дар назди Исматуллозода гузошта буданд, рафъи мушкилоти молиявӣ ва дубора фаъол сохтани “Тоҷик Эйр” буд.

Вале бо гузашти 3 солу 8 моҳи кори Дилшод Исматуллозода, ба истиснои чанд парвози чартерӣ, ки зоирони тоҷикро ба сафари Ҳаҷ бурду овард, ин ширкат дигар натавонист ягон парвози мунтазам анҷом диҳад. Баҳсҳои молиявии ҳар кадомаш чандмиллиондолларии “Тоҷик Эйр” бо ширкатҳое, ки тариқи лизинг ҳавопаймояш дода буданд, низ на ба фоидаи ҷониби Тоҷикистон ҳал шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 сентябр ҳамчунин Ганҷалзода Шералӣ Раҳмонро низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт” озод карда, ба ин мақом Қурбонзода Далер Қурбонро таъйин кард. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Ганҷалзода хабаре нашр нашудааст. Шералӣ Ганҷалзода соли 1965 дар деҳаи Пехои ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1986 риштаи автомобил ва роҳҳои Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ганҷалзода аз соли 2015 то 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон буд ва сипас то соли 2012 дар мақоми муовини вазири нақлиёт кор карда, аз 14 майи соли 2019 раҳбарии Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиётро бар уҳда дошт. Шералӣ Ганҷалзода 5 фарзанд дорад.

Тасмими сеюми кадрии президенти Тоҷикистон – барканории Шавкат Бобозода аз  мансаби раиси Агентии содироти ин кишвар – тасмиме буд, ки ҳама интизорашро дошт. Ахиран хабарҳо нашр шуд, ки Шавкат Бобозода тақрибан ду ҳафта боз дар ҳабс қарор дорад. Радиои Озодӣ хабар дод, ки Бобозода гӯё аз як ширкати хориҷӣ дар ивази “мусоидат” 300 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Дар ин бора, ки оё ба ҷои Бобозода кӣ ба раҳбарии ин агентӣ таъйин мешавад?, иттилои расмие то ин соат нашр нашудааст.

Шавкат Бобозода соли 1962 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик ва технолог ва соли 2003 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Русияро хатм намудааст.Бобозода  солҳои 2004—2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Чкалов кор карда, солҳои 2013—2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва аз соли 2019 роҳбари мудири Агентии содирот буд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, рӯзи 29 сентябр дар ҷаласаи ҳукумат ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ғаффор Ҷаббориро  дар бораи иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии андозу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва натиҷаҳои дигари кори мақомоти ин ноҳия шунидаанд.

Ғаффорӣ дар ҳисоботаш аз ҷумла гуфтааст, ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол аз буҷаи ҷумҳуривӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағ мегирад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шудааст, ки 103, 6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.

Давоми 6 моҳи соли 2022 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки 36 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 2, 3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 6 моҳи аввали соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6350 тонна буда, иҷроиш 6398 тонна ё ин ки 102,8 фоиз иҷро гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 885 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Гуфта мешавад,  Эмомалӣ Раҳмон хостори ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади будҷа, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ,  ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ беҳтар кардан сатҳи зиндагии сокинон шуда, ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат додааст.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   29.09.2022

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 сентябри соли 2022 №466
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»
озод намудани Исматуллозода Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исматуллозода Дилшод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 сентябри соли 2022 №467
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 сентябри соли 2022 №468
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии содироти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Бобозода Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобозода Шавкат аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 сентябри соли 2022 №469
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»
таъин намудани Шодмонзода П.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шодмонзода Парвиз Абдураҳим директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 сентябри соли 2022 №470
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Қурбонзода Д.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Далер Қурбон сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button