ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЭЪЛОН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ ДАЪВАТ БА ХИДМАТ БА АРТИШИ РУСИЯ. НАРХИ ПАРВОЗ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТО 134 ҲАЗОР ХЕСТ! (АКС)

Нархи чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе дар пайи эълони мобилизатсия (басиҷсозӣ) ба саффи артиши Русия ба шиддат боло рафта, бино ба иттилои сомонаи яке аз бузургтарин пойгоҳҳои фурӯши чиптаҳои парвоз дар Русия Aviasales.Ru, барои рӯзҳои 25, 26, 27 ва 28 сентябри соли 2022 аз марзи 100 ҳазор рубл убур карда, ҳатто то ба 134 ҳазор рубл (2300 доллари Амрико!!!) расидаанд. Ҳамин тавр, нархи чиптаҳо ба самти дигар кишварҳои муҳоҷирфиристи собиқ Шӯравӣ (Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) низ ба маротиб боло рафтааст.

Барои мисол, нархи парвоз аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе барои рӯзи 25 сентябр 127 ҳазору 700 рубл ва барои рӯзи 26 сентябр 134 ҳазору 200 рубл буда, барои рӯзҳои 29 ва 30 сентябр ба маротиб арзонтар аст (33 ҳазору 790 рубл ва 27 ҳазору 915 рубл). Чиптаҳои сафар аз Душанбе ба Маскав хеле арзонтар буда, барои бархе рӯзҳо дар моҳи октябр метавон ҳатто ба 11 ҳазору 12 ҳазор рубл ҳам чиптаи парвоз то Маскавро харид.

 Гуфта мешавад, сабаби чунин афзоиши бакарати нархи парвозҳо аз Русия фавҷ-фавҷ рӯ ба фирор овардани муҳоҷирони собиқест, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд, вале ҳоло тарси фиристода шуданашон ба ҷанги Украина онҳоро водор кардааст, ки барои худу фарзандонашон роҳҳои фирор аз Русияро биҷӯянд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 сентябр фармони басиҷсозиро имзо кард ва ба дунбол муҷозотро барои онҳое, ки аз рафтан ба хидмат саркашӣ мекунанд, хеле шадидтар сохт. Аз ин ба баъд онҳоеро, ки аз мобилизатсия сар мепечанд, метавонанд то 10 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Муҳоҷирони тоҷик  аз пойтахти Русия рӯзи 25 сентябри соли 2022 бо ирсоли акси як эълон хабар доданд, ки дар Маскав алакай эълонҳо ба забони тоҷикиро овехтаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаи ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия ба хидмати қарордодӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия даъват карда мешаванд.

Дар ин эълон аз хоҳишмандони дарёфти осони шаҳрвандии Русия даъват карда мешавад, ки ба нуқтаҳои ҷамъоварии довталабон дар Варшавское шоссе ваё ба намояндагони вазорати мудофиаи Русия дар Маркази муҳоҷирон дар Сахарово муроҷиат кунанд.

 Аз довталабон танҳо аз 18сола боло будан, ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ будани саломатиашон ва донистани забони русӣ тақозо мешавад. Дар иваз ба онҳо маоши моҳона ба андозаи камаш 190 ҳазор рубл  ва ҳамчунин “субот, имкониятҳои васеъ барои худшиносӣ, сатҳи зиндагии шоиста ва мақоми баланди иҷтимоӣ”, ҳамчунин “имконияти қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия бо тартиби соддакардашуда ҳангоми бастани шартнома” пешниҳод карда мешавад. Ба довталабон ҳамчунин таъмин бо манзилу хӯрокворӣ, ёрии тиббӣ, таъмини нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаи ҳарбӣ ва “дигар имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҳолати фавқулодда ва даргириҳои мусаллаҳона” ваъда дода шудааст.

Ҳамин ваъдаи охири марбут ба иштирок дар “даргириҳои мусаллаҳона” бисёриҳоро нигарон сохтааст, зеро бовар меравад, ки даъвати оммавии муҳоҷирон ба артиши Русия ба хотири фиристодани онҳо ба ҷанги Украина сурат мегирад. Он ҳама имтиёзу кафолатҳо маъмулан ба онҳое дода мешаванд, ки дар ин ҷанг кушта ваё захмию маъюб мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран шаҳрвандони тоҷикро ҳушдор дод, ки “аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии ин кишвар: 401 ва 401.1 барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 сол ва барои иштироки бевосита дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале ин ду модда то кунун асосан барои ҷазо додани онҳое истифода мешуд, ки зодагони Тоҷикистонро ба саффи гуруҳҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ ҷалб мекарданд, ваё дар саффи чунин гуруҳҳо дар Сурияву Ироқ ё Афғонистон меҷангиданд.

Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ
дар ҳудуди дигар давлатҳо

(ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1088, аз 2.01.2018 № 1472)

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

– “Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (ҚҶТ аз 18.03.2015 № 1176).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button