ВидеоДин ва боварҳоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

МУФТИИ ТОҶИКИСТОН: ЗОЛИМ НОКОМ ВА ҲАР МАҒРУРЕ МАҒЛУБ АСТ

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 19 сентябри соли 2022 дар вокуниш ба ҳаводиси хунин дар марз бо Қирғизистон қатлу хунрезиҳо, бахусус қатли мардуми осоишта ба вижа дар масҷиди деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум кард. Нимаи дуюми рӯзи 16 сентябр бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон ба мактаб ва масҷиди Овчӣ Қалъача 18 нафар кушта шуданд. 12 тан аз ин қурбониён дар даруни масҷид ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

“Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки  болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва  ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид  инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони  силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд», — гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода вобаста ба ҳамлаи рӯзи 16 сентябри нирӯҳои Қирғизистон ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки суханони ӯро хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” нашр кардааст,  мегӯяд: “Навореро дидам, ки  чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани  таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон  ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд”.

Ба ақидаи муфтии Тоҷикистон, ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист.

“Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд,  барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд», — гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ҷониби Қирғизистон дастикам 59 кушта ва аз тарафи Тоҷикистон низ даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, хунинтарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button