Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ЗАДУХӮРДҲОИ НАВ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН. ИН ДАФЪА ДАР МАРЗИ ЛАХШ (ҶИРГАТОЛ) БО ӮШ

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки ҷониби Қирғизистон рӯзи 17 сентябри соли 2022 бар хилофи тавофуқи оташбас, боз ҳам ба тирборони қаламрави Тоҷикистон идома додааст.

Аз ҷумла, гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони тоҷик, соати 11:10 фармондеҳи қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.

“Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд”, – таъкид шудааст дар изҳорот.

Илова бар ин, соати 11:50-и 17 сентябр қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

Ин дидбонгоҳ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон дар марз бо вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Ва аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон ба навбати худ ҷониби Тоҷикистонро ба вайрон кардани оташбас айбдор мекунад ва иддао дорад, ки  тирпаррониро дар марзи Лахш бо Ӯш аввал ҷониби Тоҷикистон сар кардааст.

 “Соати 12:37 (11:37 ба вақти Душанбе – «Бомдод») ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз миномётҳо ва тӯпхонаҳо  мавқеъҳои марзбонони қирғизро дар деҳаҳои Тешик-Тош, Қарамиқ ва Қаровул- теппаи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш тирборон кард.  Воҳидҳои марзбонии Қирғизистон оташи ҷавобӣ кушоданд, вале ба хотири роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ низомиёни Қирғизистон ба сурати якҷониба тирпаррониро қатъ карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони Қирғизистон.

Ин хабарҳо дар бораи даргириҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаҳои хунини рӯзи 16 сентябр аст, ки аз ҳарду тараф даҳҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт. Қирғизистон ҳалокати 24 нафар ва ҷароҳат бардоштани 103 тани дигарро тасдиқ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи талафоташ то ҳол ягон маълумоти расмӣ нашр накардааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, аз ин тараф низ шумораи қурбониён хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button