ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ 24 КУШТАЮ 103 ЗАХМӢ ХАБАР ДОД. АЗ ТАРАФИ ТОҶИКИСТОН НИЗ КУШТАВУ ЗАХМИҲО ЗИЁДАНД (ВИДЕО)

Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 17 сентябри соли 2022 хабар дод, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи як рӯзи пеш дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон 24 нафар кушта шуда, ба ҳолати то соати 09:00 рӯзи 17 сентябр 103 захмӣ дар бемористонҳо таҳти табобат боқӣ мемонанд. “Ҷароҳатҳо асосан ҷароҳатҳои қисмҳои гуногуни бадан бар асари таркиш ва аз тири силоҳҳои оташфишон мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати тандурустии Қирғизистон.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи талафоти худ дар муноқишаи ахир ягон маълумоти расмӣ нашр накардааст. Вале бино ба маълумоти аз манобеи гуногун бадастомада, аз ин тараф низ дар муноқишаи рӯзи 16 сентябр даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Куштаҳо низ кам нестанд.

Дар як сабти видеоӣ, ки ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара фиристоданд, дида мешавад, ки сокинон дар оромгоҳ дар як қатор дастикам се қабри тоза канда истодаанд ва як қабри дигарро каме дуртар аз ин қатор. Муаллифон мегӯянд, ин қабрҳоро субҳи 17 сентябр дар маҳаллаи Қуруқи ҷамоати Чоркӯҳ барои гӯрондани қурбониёни муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон кандаанд.

Хабаргузории русии “Спутник” ҳанӯз рӯзи 16 сентябр дар бораи дастикам 7 кушта танҳо дар Исфара хабар дод ва гуфт, 6 нафари онҳо, ба гуфтаи шоҳидон, аъзои як хонавода аз ҷамоати Ворух мебошанд, ки бар асари ба манзилашон расидани тири миномёт ҷон бохтанд.

Дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров алакай шоми 16 сентябр, алакай баъди эълони оташбас, дар натиҷаи ҳамлаи дрон, ё ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон  чанд сокини осоишта кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, мардум ба кӯча баромада буд, то бо эълони оташбас ва хатми муноқиша ҳамдигарро табрик кунанд, вале дар ин асно як дрон издиҳоми дар  кӯча ҷамъомадаро тирборон кардааст. Дар дасти идораи “Бомдод” сабти асароти ин ҳамла ҳаст, вале  кадрҳо чунон даҳшатоваранд, ки аз нашри он худдорӣ мекунем.

Мақомот то кунун ин ҳамлаи хунинро шарҳ надодаанд, вале шоҳидон дар бораи дастикам 10 қурбонии ин ҳамла бо ҳавопаймои бесарнишин хабар медиҳанд. Яке аз кушташудаҳо Абдувоҳиди Абдуқаюм, сардори раёсати будҷаи иҷтимоӣ дар Сарраёсати молияи вилояти Суғд будааст. Дар ин бораи дӯстону ҳамкорони ӯ дар Фейсбук хабар доданд.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=1270022513828808&set=a.143786869785717

Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи шаҳри Исфараю ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва  ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон  аз субҳи барвақти 16 сентябри соли 2022 дигарбора башиддат бад шуд. Задухӯрдҳои шадид бо истифода аз силоҳҳои вазнин ва техникаи ҳарбӣ беш аз 10 соат давом кард ва танҳо аз соати 15:00 дар марз оташбас эълон шуд, вале баъди эълони оташбас ҳам ҳарду тараф якдигарро то чанд соати дигар ба вайрон кардани оташбасу идомаи тирандозиҳо айбдор мекарданд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи муноқишаи ахир, ки бо даҳҳо куштаю захмиҳояш яке аз хунинтарин муноқишаҳо дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад, айбдор мекунанд.

Задухӯрдҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле рух дод, ки президентҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Самарқанд қарор доштанд.

Аз ин қабл, рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ дар се задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар се мавзеи марзи Исфара бо Бодканд ду марзбони тоҷик кушта шуда, аз тарафи Тоҷикистон боз 11 нафари дигар (6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ) ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон хабар дод, ки аз тарафи онҳо 5 нафар, аз ҷумла 2 марзбон ва 3 сокини маҳаллӣ, бо шумули як кӯдаки 11-сола ҷароҳат бардоштаанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд ва марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлак  нуқтаҳои аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button