Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ СКУТЕР ВА ҚАЛЛОБӢ БО СЕЮНИМ СОТИХ ЗАМИНИ ФАБРИКАИ МУРҒ

Шоми 16-уми сентябр, тахминан соати 19:10, як сокини 51солаи ноҳияи Б.Ғафуров бо скутер дар дар шаҳри Бӯстон ба бетони роҳ бархӯрда, бар асари ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххх

Сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз сокини 38-солаи ноҳияи Ш.Шоҳин бо ваъдаи аз ҳудуди заминҳои фабрикаи мурғи ноҳияи Рӯдакӣ барояш ҷудо карда, додани сеюним сотих замин  83 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи скутер дар натиҷаи садама

005

16-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи «СКУТЕР», Ҷумаев Толибҷон Аҳмадбоевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи М.Миршакари шаҳри Бӯстон ба бетони дар қисмати роҳи мошингард қарордошта бархӯрдааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

030

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои 0,035 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои фабрикаи паррандапарварӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, 83 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол на ҳуҷҷат ва на маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button