ВидеоҶомеа

ЯК ЗАН ДАР АШТ МЕХОСТ ТИФЛИ ШИРМАКАШРО 20 ҲАЗОР СОМОНӢ БИФУРӮШАД (ВИДЕО)

Дар ноҳияи Ашт аз кӯшиши фурӯши духтарчаи думоҳа дар ивази 20 ҳазор сомонӣ пешгирӣ карда, бо иттиҳоми фарзандфурӯшӣ модари ин кӯдаки ширмак, зани 36-солаи сокини шаҳраки Шайдонро дастгир кардаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” бархе ҷузъиёти ин қазияро ошкор кард ва гуфт, кормандони милитсия аз қасди ин зан барои фурӯши фарзандаш хабар ёфта,  ба хотири пешгирӣ аз ин амали бад ва ошкор кардани ҷиноят як харидори сунъиро ба бозӣ даровардаанд.

Назари худи зан дастрас нест, вале Акбар Шарифӣ дар гузоришаш мегӯяд, ки ин зан бо мақсади ба даст овардани пул кӯдакашро якҷо бо шаҳодатномаи таваллудаш фурӯхтанӣ будааст, вале кормандони милитсия тавонистаанд аз ин иқдоме, ки метавонист ба тақдири тифли маъсус таъсири ҷиддӣ бирасонад, пешгирӣ кардаанд.

“Зан аз харидор 7 ҳазор сомонӣ пешпардохт гирифта, 13 ҳазор боқимондаро мебоист баъди ба номи харидор гузарондани тифлаш бигирад. Дар ҳолати идорашавандаи оперативӣ ҳаракатҳои ҷиноятии гумонбаршаванда зери назорат қарор гирифта, бо ошкор шудани кирдори ҷиноятӣ ва тасдиқи он нисбат ба ӯ тибқи талаботи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд”, – гуфта мешавад дар гузориш. Тафсилоти дигар оварда нашудааст.

Моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои савдои кӯдакон ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар сурати мавҷуд будани бархе ҳолатҳои вазнин ҷазо барои фурӯши одамон метавонад то ба  15 соли зиндонро ташкил бидиҳад.

РӮЗИ СИЁҲИ МАҚСУДА…

Ин алакай дуюмин мавриди ошкоршудаи фарзандфурӯшӣ дар вилояти Суғд дар камтар аз як моҳи охир аст. Дар поёни моҳи август маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани боз як ҳолати кӯдакфурӯшӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, Мақсуда Юсупова, як зани 27-сола аз ҷамоати Зарҳалол дар канори шаҳри Истаравшан мехост писари дусолаашро бо нархи 40 ҳазор сомонӣ ба як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бифурӯшад. Вале кормандони милитсияи ин ноҳия, ки ҷараёни ин савдои кӯдакро аз аввал таҳти назорат доштаанд, ҷавонзанро баъди аз “харидор” гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт дар бозори “Ашроф” дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир кардаанд.

Гуфта мешуд, Мақсуда Юсупова бо як сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шартномаи шифоҳӣ баста, гуфтааст, ки тайёр аст, писарчаи дусолаашро дар ивази 40 ҳазор сомонӣ ба вай бифурӯшад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузоришаш гуфт, кормандони милитсияи ноҳияи Расулов аз пеш дар бораи тайёрӣ ба як ҳолати фурӯши кӯдак маълумоти фаврӣ гирифта, барои пешгирӣ аз он як силсила чорабиниҳоро ба роҳ андохта, дар натиҷа, рӯзи 15 августи соли 2022, бо ташкили “шароити идорашавандаи оперативӣ” Мақсуда Юсуповаро дар бозори “Ашроф” баъди аз “харидор” гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт дастгир карданд.

Мақсуда Юсупова дар ин гузориш гуфт, ки аз ночорӣ даст ба фурӯши фарзандаш задааст:

  • Барои чӣ ба хона-интернат насупоридеду фурӯхтед шумо?
  • Интернатро як бор дода будам. Боз дилам нашуд, гирифта будам…

Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар дар гузашта дар Тоҷикистон аксаран занҳои сабукпо фарзандони аз алоқаҳои беникоҳ таваллудкардаашонро ба фурӯш мегузоштанд, то ки аз шармандагӣ ва бадномӣ халос шаванд, намунаи Мақсуда Юсупова комилан фарқ мекунад.  Зеро ӯ фарзанди ҳалоли худро ба фурӯш заданӣ шудааст.

Ин кӯдак фарзанди сеюми Мақсуда Юсупова будааст. Шавҳараш ӯро бо се фарзанд талоқ дода, дар як шароити сахт партофтааст ва Мақсуда Юсупова, бино ба эътирофи худаш, бо фурӯши як кӯдакаш мехостааст каме маблағ ба даст биорад.

Ба зидди Мақсуда Юсупова низ бар асоси моддаи 167 парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button