ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

МУДИРИ СОБИҚИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ПАНҶ ВА НАВОРБАРДОРИ ТВ “ҶАҲОННАМО” БА ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ АЙБДОР МЕШАВАНД

Хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 12 сентябри соли 2022 бо истинод ба додгоҳи вилояти Хатлон хабар дод, ки дар ин додгоҳ  таҳти раёсати додраси додгоҳи вилоятӣ Аҳлиддин Назарзода мурофиаи парвандаи собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ки барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом (ҲНИТ) айбдор мешавад, оғоз ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки Мавлуда Боймуродзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 307, қисми 2 (даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) ва 346 (дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси моддаи 307 то 10 соли зиндон ва бар асоси моддаи 346 ҷарима ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои “Азия Плюс”, ҳамроҳ бо Мавлуда Боймуродзода дар ин парванда, ҳамчунин, Абдураҳмон Изатуллозода, навобардор – ҳамкори ТВ “Ҷаҳонамо” дар ноҳияи Панҷ, Ҷалол Зоидов, собиқ корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва як шаҳрванди дигар бо номи Мамед Шералиев низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ба гуфтаи як манбаъи аз раванди парванда огоҳ, ин нафарон барои ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, айбдор мегарданд.

Дар додгоҳи вилоят ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки судшавандаҳо қисман худро гунаҳгор меҳисобанд, аммо маълумоти дақиқтаре дар ин бора ироа накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Нурулло Маҷидов, адвокати Мавлуда Боймуродзода дар як суҳбати телефонӣ  ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки зерҳимояаш худро гунаҳгор намеҳисобад.

Дар моҳҳои охир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон даҳҳо нафар бо ҷурми лайку шарҳ гузоштан дар зери видеоҳои сомонаҳои мухолифин, бахусус дар зери барномаҳои “Ислоҳ ТВ” ва барномаҳои “Ҳақ ва ботил” ва “Садои мардум” дастгир ва зиндонӣ шудаанд.  Ҳамин тавр, чандин нафарро дар дохили Тоҷикистон барои ирсоли видеоҳо ба ин барномаҳо боздошт кардаанд. Мақомот ин барномаҳову сомонаҳоро ба ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”, ду созмони оппозитсионии фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ рабт медиҳанд.

Фаъолияти “Гуруҳи 24” дар Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 манъ гардида, ин созмон ба рӯйхатти созмонҳои ифротӣ шомил карда шудааст. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон 29 сентябри соли 2015 манъ карда шуд ва Додгоҳи олӣ ин ҳизбро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кардааст.

Намояндагони ҳарду созмони оппозитсионӣ манъи фаъолияташон дар Тоҷикистонро беасос ва мақсад аз онро аз мухолифин пок кардани арсаи сиёсии ин кишвар мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button