ВидеоМуҳоҷирон

ДАР СӮХТОРИ БОЗОРИ УФА МАҒОЗАҲОИ РАҲИМИ ҒАРМӢ ҲАМ СӮХТААНД (ВИДЕО)

Бар асари сӯхтори рӯзи ҷумъа, 9 сентябри соли 2022 дар маркази савдои “Меркурий” (собиқ бозори колхозӣ) дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия даҳҳо дӯкон, аз ҷумла дӯконҳои муҳоҷирони тоҷик бо борҳояшон ба коми оташ рафтанд. Дар қабати дуюм ва сеюми бинои ин маркази савдо, ки сӯхтор ҳам асосан дар ҳамин ду қабати бино ба амал омад, мағозаҳои “Планета одежда и обувь”, ки  ин бренд ба Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори шинохта тоҷик тааллуқ дорад, ҷойгир шудаанд.

Дар видеоҳои нашршуда аз маҳалли сӯхтор дида мешавад, ки соҳибкорони бечора  ба хотири наҷот додани ақалан як қисми борҳояшон халтаҳои борҳои худро аз қабатҳои дуюм ва сеюм ба поён ҳавола медиҳанд, вале аксари ин борҳоро дуздони фурсатталаб, ё ба истилоҳ мародёрҳо дуздида мебаранд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Уфа гуфтаанд,  бино ба арзёбиҳои аввалия, сабаби сӯхтор дар маркази савдои “Меркурий” кори садамавии таҷҳизоти барқӣ шудааст.

Сӯхтор масоҳати 5400 метри мураббаъро фаро гирифт. Хушбахтона, касе ҳалок ё захмӣ нашудааст, вале соҳибкорони зиёде борҳои худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, сӯхторнишонҳо тавонистанд беш азх 50 сар ҷонварони нодир аз боғи ҳайвоноти воқеъ дар дохили ин маркази савдо, аз ҷумла рӯбоҳҳо, енотҳо, бумҳо ва дигар ҷонварони нодирро наҷот диҳанд.

Абдураҳим Бобоҷонов 4 марти соли 1979 дар рустои Почеи поёни ноҳияи Рашт дар оилаи Муҳибулло Бобоҷонов, роҳбари собиқи яке аз хоҷагиҳои дараи Камароби ин ноҳия ба дунё омада, баробари ба балоғат расиданаш ба Русия рафт ва онҷо ба соҳибкорӣ машғул шуд. Раҳими Ғармӣ тиҷорати худро аз савдои пойафзол дар бозори шаҳри Новосибирск оғоз карда, баъди чанд сол шабакаҳои мағозаҳояшро бо номи “Планета обуви” дар Новосибирск ва чандин шаҳри дигари Русия таъсис дод. Ба дунбол, ӯ шабакаи мағозаҳои “Планета одежды”-ро дар чанд шаҳри Русия таъсис дода, як бозорро харид ва ба фурӯшгоҳи муосир табдил дод.

Раҳими Ғармӣ дар натиҷаи тавтиасозиҳои рақибонаш соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, аз ин кишвар ихроҷ шуд ва ба Ватан баргашт. Ӯ ахиран дар Душанбе ҳамроҳ бо ошпази машҳури турк Бурак Ӯздемир тарабхонаи “CZN Burak”-ро таъсис дод.

Раҳими Ғармӣ бо дасти  хайри худ машҳур буда, ба садҳо оилаи ниёзманд ва ҳамин тавр, ба аҳли ҳунар ва қалам ва ба варзишгарони тоҷик кумак мерасонад.

Моҳи июни соли ҷорӣ, қабл аз сафараш ба Ҳаҷ, Раҳими Ғармӣ ба 20 оилаи ниёзманд  ва ҳамчунин ба ду ширинкори машҳур Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ва Гулбаҳор Ғаффорова, ситораи собиқи студияи “Хандинкамон” хона туҳфа кард. Дар видеои нашршуда дида мешуд, ки  Раҳими Ғармӣ ба бархе ниёзмандони маъюб ҳатто хонаҳои дуқабата туҳфа кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button