ВидеоТаърихТоҷикистон

ҶАЛОЛИДДИН САИДШОЕВ – УЗВИ ГУРУҲИ ҲОҶӢ ҲАЛИМ ДАР ЗИНДОН ВАФОТ КАРД

Ҷалолиддин Саидшоев, яке аз муҳофизони собиқи раиси Комиссияи оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо ҷурми иштирок  дар ошӯби мусаллаҳонаи таҳти роҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 4 сентябри соли 2022 баъди анҷоми ҷарроҳӣ дар бемористони маҳбас даргузашт. Ӯ 50 сол дошт.

Дар ин бора як манбаи огоҳи наздик ба идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, ҷарроҳӣ гӯё хуб гузаштааст, вале баъди анҷоми он муддате ногузашта, Ҷалолиддин Саидшоев ба таври ногаҳонӣ ҷон додааст. 

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ҷанозаи Ҷалолиддин Саидшоевро алакай ба хешовандонаш супурдаанд ва ӯро рӯзи 5 сентябр дар зодгоҳаш, деҳаи Кунҷоки ҷамоати Нофароҷ дар канори шаҳри Истаравшан ба хок месупоранд.

Бисёре аз сокинони деҳаи Кунҷоки Тоҷики ҷамоати Нофароҷ аслан аз водии Қаротегин, аз ноҳияи Рашт мебошанд. Ҷалолиддин Саидшоев, ки баъди хатми мактаб таҳсили динӣ гирифта буд, ҳаз дар поёни солҳои 80 ба саффи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки он вақт ба таври пинҳонкорӣ амал мекард, пайваст ва соли 1992, дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ узви гуруҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик шуд.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 Ҷалолиддин Саидшоев чандин сол ба ҳайси муовини раиси Комиссияи оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ кор кард.

Баъдҳо ӯро дар Ӯзбекистон боздошт ва бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳи Ҷумъабойи Намангонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба 24 соли зиндон маҳкум карданд, вале Саидшоев тавонист алакай баъди як ило ду сол аз маҳбаси Ӯзбекистон озод шавад ва ба Тоҷикистон баргардад.

Баъди озод шуданаш Ҷалолиддин Саидшоев дар бозори “Балх” дӯкон кушод ва ба тиҷорат машғул шуда, дигар ҳаёти осоиштаро ихтиёр карда буд.

Вале дар поёни моҳи август ва аввали моҳи сентябри соли 2015 ҳамаро хабари ҳалокати Умар Бобоҷонов ном ҷавоне дар Ваҳдат таккон дод. Гуфта мешуд, ки кормандони милитсия Умар Бобоҷоновро, ки дар як донишгоҳи Санкт Петербург таҳсил мекарду барои таътил ба Ватан омада буд, барои риш доштанаш чунон латтукӯб кардаанд, ки ӯ дигар ба ҳуш наомада, баъди чанд рӯз дар рӯи кати ҷарроҳии бемористон даргузашт.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд: “Яке аз омилҳое, ки сабаби оғози ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим шуд, дар асл ҳамин қазияи  Умар Бобоҷонов буд. Ҷалолиддин Саидшоев ва чанд тани дигар аз размандагони собиқи мухолифин шаби 4 сентябри соли 2015 мусаллаҳ шуда, барои интиқом ба бинои ШВКД шаҳри Ваҳдат ҳамла оварданд. Дар задухӯрд дар бинои милитсия 4 нафар кушта шуда, Ҷалолиддин Саидшоев аз шикамаш чанд захми тир бардошт. Аҳволи ӯ чунон вазнин буд, ки Ҷалолиддинро бурда, ба мурдахона ё морги назди Донишгоҳи тиббӣ партофтанд. Вақте ки наздиконаш барои гирифтани мурдаи ӯ омаданд, диданд, ки ӯ ҳанӯз нафас мекашад. Баъди ин, Ҷалолиддинро ба бемористон бурда, чандин ҷарроҳӣ карданд…”

Ҷалолиддин Саидшоев тақрибан як солро дар бемористонҳо ба сар бурд ва баъди табобат ёфтанаш ӯро бо ҷурми иштироки фаъолона дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои милитсияи шаҳри Ваҳдат ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ дар маҳбаси №1 дар маркази Душанбе адои ҳукм мекард. Соле пеш маҳбусони ин зиндонро ба маҳбаси наве, ки дар канори шаҳри Ваҳдат сохтанд, гузаронданд.

Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим як саҳифаи пур аз роз дар таърихи навини Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода, ки он замон муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, бо як гурӯҳ аз хонаи Ёрибек ном сокини Душанбе берун шуда, муовини дигари вазири дифоъ генерал-майор Б.Саидзода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷаловро дар толори варзишии вазорати дифоъ асир гирифтанд ва ба амборҳои силоҳи қисмҳои низомии 08050 ва 17561 ҳамла оварданд.

Онҳо аз ин ду қисми низомӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон, аз ҷумла 180 мил автомати Калашников, 9 гранатомёт, 8 пулемёт ва 5 камони снайпериро тасарруф карда, беш аз 100 сарбозро бо ин сухан, ки гӯё “бонги изтироб” шудааст, бо худ гирифтанд.

Нахустин задухӯрди аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамон шаби 4 сентябр дар гардиши фурудгоҳи Душанбе бо нирӯҳои вижаи вазорати дохила сурат гирифт. Дар ин задухӯрд 5 корманди пулис – Бӯриев Д.Г., Саъдуллоев Д.Х., Орипов Р.Х., Пиров И. ва Ҷобиров А. Кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамзамон як гурӯҳи дигари мусаллаҳ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳамла овард, ки он задухӯрд низ 4 кушта ба ҷо гузошт.

Гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим баъди ин ду задухӯрд ба дараи Ромит, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як паноҳгоҳи умдаи мухолифин буд, паноҳ бурд, вале натавонист ба амборҳои вазорати дифоъ дар минтақаи Мағови ин минтақа даст биёбад.

Амалиёти таъқиби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит то 16 сентябр давом кард ва аз ҳарду тараф беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Аз ҷумла дар Ромит худи Ҳоҷӣ Ҳалим, муовинаш полковник Ҷунайдулло Умаров ва ду бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, ки мақомот барои музокира бо вай ба Ромит оварда буданд, кушта шуданд.

Баъди саркӯби ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – як ташаккули умдаи мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон манъ карда шуда, ҳудуди 200 нафар, аз ҷумла даҳҳо тан аз аъзо ва роҳбарони ҲНИТ бо ҷурми ҳамдастӣ дар ин ошӯб зиндонӣ карда шуданд.  ҲНИТ даст дошатанш дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, ҳамеша мегӯяд, ки мақомот аз ин ошӯб ҳамчун баҳона барои аз майдон рондани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумат сӯиистифода карданд.

Ҳоҷӣ Ҳалим

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button