Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҒУРУБИ ПЕШВО: ВАКИЛОН МЕХОҲАНД ПОЙТАХТИ ҚАЗОҚИСТОН БА ҶОИ НУР-СУЛТОН АЗ НАВ ОСТОНА НОМИДА ШАВАД

Вакилони гуруҳи парлумонии “Жаңа Қазақстан” (“Қазоқистони нав”) дар Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Қазоқистон пешниҳод карданд, ки ба ҷои номи ҳозирааш – Нур-Султон – номи қаблии пойтахти ин ҷумҳурӣ  Остона барқарор карда шавад. Изҳороти вакилони ин гуруҳ, ки моҳи феврали соли 2022 ташкил шуда, тарафдорони президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаевро муттаҳид мекунад, шоми 2 сентябри соли 2022 нашр шуд.

“Дар сурати ворид кардани иловаҳо ба Қонуни асосӣ, мо бо истифода аз ин фурсат мехоҳем, ки ба Қонуни асосӣ боз як тағйироти муҳим ворид карда шавад. Сухан дар бораи барқарор кардани номи қаблии пойтахт меравад. Дар вақти зинда будани як инсон ба номаш гузоштани шаҳрро нодуруст мешуморем. Ба болои ин, мардум ҳам номи нави пойтахтро қабул накард “, – гуфта мешавад дар изҳороти вакилон.

“Аз ин рӯ, аз лиҳози таърихӣ одилона мебуд, агар номи қаблии пойтахт – Остона, ки дар вақташ аз ҷониби президенти якум пешниҳод шуда буд, барқарор карда шавад. Ин қарор саҳми президенти якум дар қомат рост кардан ва рушди шаҳри асосии кишварро ба назар мегирад ва ҳамчунин ба хостҳои шаҳрвандон низ ҷавобгӯст”, – изҳор доштааст “Жаңа Қазақстан”.

Моҳи январи соли 2022, дар пайи эътирозҳои густарда дар Қазоқистон, зери петитсия бо талаби баргардондани номи қаблии пойтахти ин кишвар беш аз 300 ҳазор нафар имзо карда буд.

Ба шарафи президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Остона ба Нур-Султон иваз кардани номи пойтахтро 19 марти соли 2019, дар рӯзи курсии президентиро супурдани Назарбоев, президенти кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаев пешниҳод карда буд. Ин пешниҳод ба мавҷи вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шуд, вале бо ин вуҷуд вакилони парлумон он вақт якдилона ба Қонуни асосӣ тағйирот дароварда, номи пойтахтро ба Нур-Султон иваз карданд. Ба дунбол, дар дигар шаҳрҳои Қазоқистон ҳам кӯчаву хиёбонҳову боғҳо ва иншооти зиёди дигар ба шарафи Назарбоев тағйири ном карданд.

Қазоқистон дар як асри гузашта 4 дафъа пойтахти худро иваз кардааст. Аввалин пойтахти ин ҷумҳурӣ, ки он вақт … Қирғизистон ном дошт, шаҳри Оренбург буд, ки ҳоло қаламрави Русия ба ҳисоб меравад. Соли 1925 Оренбургро ба Русия доданд ва ба ҷои Қирғизистон ҷумҳурии мухтори шуравию сотсиалистии Қазоқистонро ташкил дода, пойтахташро ба шаҳри Оқ-Масҷид кӯчонданд, ки билофосила тағйири ном кард ва Қизил-Ӯрда ном гирифт. Соли 1927 пойтахти Қазоқистон ба Алма-Ато ва соли 1997 аз Алма-Ато ба Оқмола (собиқ Тселиноград) кӯчид. Соли 1998 бо пешниҳоди Назарбоев номи Оқмоларо ба Остона иваз карданд. Ин вожаи форсӣ дар забони қазоқӣ ба маънои пойтахт низ меояд. Соли 2019 Остона ба Нур-Султон ном иваз кард, вале тавре ба назар мерасад, ин номи пойтахти Қазоқистон ҳам зиёд дер намепояд.

Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло 82 сол дорад, аз соли 1989 то 2019, дар тӯли 30 сол бар Қазоқистон, кишвари аз лиҳози масоҳат, ҳаҷми иқтисод ва захираҳои табииаш аз ҳама бузурги Осиёи Марказӣ роҳбарӣ кард. Соли 2019 ӯ курсии президентиро расман ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд, вале аз паси парда ба унвони Елбасӣ (Пешвои миллат) ҳамчунон тақрибан тамоми умури калидии давлатиро дар дасти худ нигоҳ дошта буд ва Тоқаев бештар нақши як президенти намоиширо иҷро мекард.

Пешниҳоди баргардондани номи Остона ба пойтахти Қазоқистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки баъди эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 Назарбоев  аз дасти дарози дахолат ва нуфузи қаблиаш бар умури давлатии кишвар маҳрум гардид. Ҳамчунин дар ин авохир бисёре аз тарафдорону ёрони ӯ ва ҳамин тавр, хешовандони наздики Назарбоев мансабу мақомҳои баланд ва тиҷоратҳои бузурги худро аз даст доданд ва бархеи онҳо ҳатто паси панҷара рафтанд.

Ба ин тартиб, офтоби “Пешво” дар Қазоқистон ҳарчӣ бештар ба ғуруби худ наздиктар меравад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button