АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ 100 ОИЛАИ ГУРЕЗАҲО УРДУГОҲ СОХТАНД (ВИДЕО+6 АКС)

Рӯзи 1 сентябри соли 2022 дар ҳудуди  яке аз воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ баргузор шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин маросим раиси ин кумитаи генерал-полковник Рустам Назарзода, сарвари Намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон Мулугета Зевди, ҷонишини сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Зайнаб  Аз-Завӣ, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари намояндагии Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ ҷаноби Адҳам Мусаллам, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими  Тоҷикистон ширкат намуданд.

Генерал Назарзода дар ин маросим ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос наму ва гуфт, тамоми талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд равона карда шудааст.

Дар суханрониҳои худ Мулугета Зевди, Зайнаб Ал-Завӣ ва Адҳам Мусаллам изҳор доштанд,ки дар оянда низ барои таҳкими зарфиятҳои КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. 

Паноҳгоҳи дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ сохташуда барои наздик ба 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум мешаванд. Ин урдугоҳ бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин карда шудааст.

Дар хабар дар бораи паноҳҷӯёни афғон чизе гуфта нашудааст, вале тасмими созмонҳои байналмилалӣ барои сохтани урдугоҳ барои паноҳҷӯён дар ҷануби Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон вақте гирифта шуд, ки моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ба дасти худ гирифтанд. Он вақт интизор мерафт, ки дар пайи ба қудрат расидани Толибон аз Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсояе, чун Тоҷикистон, мавҷи бузурги паноҳҷӯён сарозер хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button