Рӯйдодҳои Бадахшон

БОЗДОШТИ БОЗ ДУ ФАЪОЛИ БАДАХШОНӢ ДАР МАСКАВ: ДИЛДОРБЕКОВ ОЗОД ШУД, АТОБЕКОВ – МАЪЛУМ НЕСТ

Телеграм-канали Pamirdailynews, ки рӯйдодҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки кормандони пулиси шаҳри Маскав рӯзи 1 сентябри соли 2022 боз ду зодаи ин минтақаи воқеъ дар шарқи Тоҷикистон – Атобеков Мамадбек Ниёзбекович ва Дилдорбеков Мансур Мардоновичро дастгир кардаанд.Ҳардуи онҳо аз аъзои фаъоли ҷамъияти зодагони Помир дар Русия ба шумор мераванд.

Бино ба иттилои  Pamirdailynews,  кормандони пулиси Маскав баъди чанде пурсуҷӯ Мансур Дилдорбековро озод кардаанд, вале дар бораи куҷо будани Мамадбек Атобеков ва сарнавишти ӯ иттилои дақиқе дастрас нест.

Наздикони Атобеков ба Радиои Озодӣ  гуфтаанд, ки кормандони пулиси Русия ба хонаи ӯ ҳамроҳ бо ду намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон омада буданд. Онҳо нигаронанд, ки Мамадбек Атобековро метавонанд ба Тоҷикистон ихроҷ ё истирдод кунанд. Ба бовари наздиконаш, ба ӯ ҳаёт ва  озодии ӯ дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои канали Pamirdailynews, тайи моҳҳои охир тақрибан 20 нафар аз зодагони Бадахшон дар Русия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон ихроҷ ё истирдод шудаанд.

Охирин маврид аз ин шумор ихроҷи блогери помирӣ Мақсуд Ғаёсов буд, ки хабараш рӯзи 17 август нашр шуд. Ҳанӯз дар поёни соли 2021 Русия варзишгари маъруфи варзиши ММА (ҷангҳои бидуни қоида) аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиевро ва дар аввали моҳи январи соли 2022 яке аз роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоевро ба мақомоти Тоҷикистон супурд. Моҳи гузашта мақомоти Русия Ораз Вазирбеков, яке аз роҳбарони ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русия ва блогери зодаи ин вилоят Рамзӣ Вазирбеков, мутахаллис ба Рамзесс Шогуновро, бо вуҷуди шаҳрвандии Русияро доштани ҳарду, низ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд.

Чоршанбе Чоршанбиев дар Тоҷикистон алакай ба 8 солу 6 моҳи зиндон ва Амриддин Аловатшоев ба 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Таъқиби зодагони Бадахшон дар Русия аз ҷониби мақомоти амниятию ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бахусус баъди тазоҳуроти эътирозие, ки муҳоҷирони бадахшонӣ шоми 25 ноябри соли 2022 дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав доир карданд, афзоиш ёфт.  Нашри муроҷиатномаҳои зодагони минтақаҳои гуногуни ин вилоят аз Русия ба унвони мақомоти Тоҷикистон бо талаби даст кашидан аз кӯшиши бо истифода аз нерӯ  ҳал кардани “масъалаи Помир” ин таъқибҳоро боз ҳам густардатар кард.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти қудратии Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳи ҷангӣ фурӯ нишонданд. Ба ҳисоби Созмони Милал, алакай дар рӯзҳои аввали саркӯби эътирозгарон дар шарқи Тоҷикистон ҳудуди 40 нафар кушта шуданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Помир ва баъди он ҳудуди 200 нафар аз сокинон ва зодагони Бадахшон, дар ҳудуди худи ин вилоят ва берун аз он, аз ҷумла дар Русия боздошт шуданд. Дар байни боздоштшудаҳо  аксари лидерҳои ғайрирасмии ин минтақаи мухтор ҳам ҳаст, ки забон ва мазҳаби аксари аҳолиаш аз боқӣ сокинони Тоҷикистон фарқ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button