Дин ва боварҳоТаърих

РУСИЯ КИТОБИ ҲАДИСҲОИ “САҲЕҲИ АЛ-БУХОРӢ”-РО КИТОБИ ИФРОТӢ ВА МАМНӮЪ ЭЪЛОН КАРД (ВИДЕО)

Вазорати адлияи Русия рӯзи 29 августи соли 2022 яке аз 6 китоби ҳадисҳо дар бораи зиндагӣ ва суханони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) “Саҳеҳ Ал-Бухорӣ”-ро ба рӯйхатти сиёҳи адабиёти ифротӣ ва мамнӯъ шомил кард. Бино ба гузориши Маркази иттилоотию таҳлилии “Сова”, ҳукми ифротӣ донистани ин китоби ҳадисҳоро додгоҳи ноҳияи Лаиши ҷумҳури Тотористон ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 қабул карда, 5 июли соли 2022 Додгоҳи олии Тотористон ин ҳукмро тасдиқ кардааст. Ҳамроҳ бо китоби ҳадисҳои “Саҳеҳ Ал-Бухорӣ”, китобҳои “Булуғ ал-Марям” ва ҷилди аввали “Тафсири Қуръони шариф” низ ба рӯйхатти сиёҳи Русия шомил карда шудаанд.

Бино ба хулосаи Маркази байниминтақавии ташхисҳои шаҳри Қазон, ки маркази “Сова” аз он нақли қавл кардааст, дар китоби ҳадисҳои “Саҳеҳ Ал-Бухорӣ” гӯё нуктаҳои ҳаст, ки низоми дуняии давлатдории муосирро рад карда, нисбат ба пайравони динҳои дигар, аз ҷумла яҳудиёну масеҳиён эҳсосоти душманонаро доман мезананд. Ташхис ҳамчунин хулоса додааст, ки ин китоби ҳадисҳо гӯё “бартарии дини Исломро таблиғ мекунад” ва гӯё “мусалмононро ба анҷоми амалҳои хушунатомез таҳрик медиҳанд”.

Адвокат Руслан Нагиев дар як видео шарҳ дод, ки сухан дар бораи манъи танҳо як китоби нашршуда меравад, на дар бораи манъи дар умум тамоми осори Муҳаммад Ал-Бухорӣ: “Дар ҳақиқат, вазорати адлияи Русия рӯзи 29 августи соли 2022 дар асоси ҳукми қувваи қонунӣ гирифтаи додгоҳи ноҳияи Лаиш чанд китоб, аз ҷумла як китоб бо номи “Саҳеҳ Ал-Бухорӣ” –пр ба рӯйхатти адабиёти ифротӣ шомил кард. Сухан дар бораи тарҷумаи русии китоби мушаххасе меравад, ки ба русӣ чунин ном дорад – «Сахих аль-Бухари (Краткое изложение) «Достоверные предания из жизни Пророка Мухаммада, да благословит его Аллах и да приветствует: Ясное изложение хадисов «Достоверного сборника», составил Имам Абу аль-Аббас Ахмад бин Абд аль-Латыф аз-Зубайди, перевод с арабского Абдулла Нирша, 5-е издание, исправленное, М.: Умма, 2007, 960 страниц (печатное издание № 4)”.

“Саҳеҳ Ал-Бухорӣ”  дар асри 9 аз ҷониби Имом Муҳаммад, маъруф ба Имом Ал-Бухорӣ таҳия шуда, саҳеҳтарин маҷмӯаи ҳадисҳо дар бораи зиндагонӣ ва суханони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) эътироф шудааст. Бархе рӯҳониён ин китоби ҳадисҳоро баъди “Қуръон” дуюмин китоби аз ҳама мувассақ ва муътабар барои аҳли суннат мешуморанд.

Имом Ал-Бухорӣ  соли 810 дар Бухоро ба дунё омада, соли 870 дар деҳаи Ҳартанг, дар 16-километрии шимоли шаҳри Самарқанд вафот кардаву дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст. Бузургтарин мероси зиндагии Имом Ал-Бухорӣ  ҳамин китоби ҳадисҳост, ки то имрӯз аҳли суннат онро ҳамчун яке аз манбаъҳои аз ҳама муътабару мувассақ истифода мебаранд.

Дар асри 16, дар аҳди сулолаи Шайбониён дар гирди мазори Имом Ал-Бухорӣ мақбара ва масҷиди сохтанд, ки то имрӯз зиёратгоҳи аҳли Ислом аст. Ҳанӯз ҳамон вақт дар атрофи мақбара чанорҳоеро шинонданд, ки то ба имрӯз барҷо мондаву ҳамчунон соя меафкананд.

Дар замони Шӯравӣ зиёрат ва нигоҳубини мазори Имом Ал-Бухориро манъ карда буданд ва ин мақбара ба харобазор табдил ёфт. Соли 1997 ҳукумати Ӯзбекистон мақбараи Имом Ал-Бухориро бозсозӣ кард. Ҳоло бошад дар паҳлуи мазори Имом Ал-Бухорӣ сохтмони масҷиди бузургу муҳташаме барои 8 ҳазор намозгузор идома дорад. Сохтмони он, бино ба иттилои сомонаи  хабаргузори Фарғона,  қарор аст, соли 2023 ба анҷом расонда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button