ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“МЕРСЕДЕС” БА ҶАРӢ РАФТ… МАРГИ СЕ МУСОФИР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 31 августи соли 2022, тақрибан соати 20:05, бар асари ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудани як мошини “Мерседес” дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд,  дар паҳлуи пули чорроҳаи деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ 3 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, мошини сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд тааллуқ дошт ва аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, дар назди пули деҳаи Чоре ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Сабаби садама ҳанӯз дақиқ карда нашудааст.

Бо дарёфти  ин хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, наҷотбахшон ҳамроҳ бо ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол додаанд.

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои се мусофири ҳалокшуда дар рӯди Фондарё 2 рӯз боз идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон мекунад, ки аксари садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба гуноҳи ронандагоне рух медиҳад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд ва дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳам бо суръати баланд ҳаракат мекунад.

Кумита ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафарҳои дур қоидаҳои бехатариву амниятро куллан риоя намоянд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button