ВидеоҶомеа

ИРЪОБ (ШАНТАЖ)-И ЯК ДОНИШҶӮ ДАР ХУҶАНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Хуҷанд  тафтиши парвандаи ҷиноятии як донишҷӯи ҳамакнун собиқро, ки бо роҳи иръоб (шантаж) бо таҳдиди паҳн кардани аксу маълумотҳои беобрӯкунанда аз як духтар чандин дафъа пул тамаъ карда буд, ба додгоҳ супурдаанд.  Ба  Муродбек Қосимзода, соли таваллудаш 2003, зодаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич акнун бар асоси моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар як гузориши видеоӣ дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфт,  Муродбек Қосимзода соли 2021 ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ бо як духтари донишҷӯ шиносоӣ пайдо карда, бо ӯ риштаи дӯстӣ бастааст. Баъдан бо ба даст овардани аксҳо ва маълумоти дигар дар бораи ин духтар, Муродбек Қосимзода ӯро ба як манбаи даромади муфт табдил додааст.

Худи Қосимзода дар ин гузориш даст ба иръоб (шантаж) заданашро эътироф мекунад: “Суратҳоятонро ба ҳамкурсонатон, ба хешу таборатон ва дар Интернет мепартоям гуфта, чанд бор пул гирифтам. Бори охирин бояд ба ман боз 2 ҳазор сомонӣ пул медод, ки маро дастгир карданд…”

Акбар Шарифӣ мегӯяд, ҷабрдида ҳар дафъа ба ин умед, ки пулро медиҳаду аз шантаж халос мешавад, талаби Қосимзодаро қонеъ месохт. Ҷавон ба духтар ҳар дафъа баъди гирифтани пул ваъда медод, ки ҳамаи он аксҳои бадномкунандаро аз телефонаш пок мекунад. Вале Қосимзода, ки ба даромади муфт аз ҳисоби ҷабрдида одат карда буд, дигар намехост ин ҳамёни пули беминнатро аз даст диҳад.  Ғ аз духтар такрору ба такрор пул тамаъ мекард. Дар ниҳоят  тоқати духтар аз ин ҳама шантажу фишор тоқ шуд ва ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард.  Муродбек Қосимзода дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ ҳангоми тамаъҷӯӣ бо далели шайъӣ дастгир карда шуд. Тавре ба назар мерасад, чанд соли наздикро ӯ паси панҷара сипарӣ хоҳад кард.

Вақтҳои охир хабарҳо дар бораи бо таҳдиди дар Интернет ваё дар байни дӯстону хешу табор паҳн кардани аксу наворҳо ва дигар маълумоти бадномкунанда иръоб ё шантаж кардани шаҳрвандон дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button