ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕОИ СЕЛИ ПУРДАҲШАТ ДАР ДЕҲАИ ШУҶАНДИ НОҲИЯИ РӮШОН

Дар Интернет видеои сели пурдаҳшате, ки рӯзи 24 августи соли 2022 дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад, нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна ҷараёни сел анбӯҳи бузурги сангу лойро ба болои деҳа фурӯ мерезад ва чӣ гуна мардум  то зону дар даруни лойу об оқибатҳои ин офати табииро бартараф мекунад.

Тибқи маълумоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ, рӯзи 24 август, тахминан соати 14:30, бар асари боридани  борони шадид дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омад.

Сел билофосила  ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр баст. Оби беруншуда аз канал вориди 2 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ гардида, инчунин ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ зарар расонд. Хушбахтона, ин офати табиӣ бидуни қурбонӣ анҷом ёфтааст.

Бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонии одамон 68 хоҷагӣ, иборат аз 143 нафар ба бинои мактаби миёнаи №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехафв кӯчонида шуданд. Ин 68 оила танҳо рӯзи 25 август тавонистанд ба хонаҳои худ баргарданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи муассисаи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскаватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудааст.

Дар нимаи аввали соли 2022 офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба хоҷагии ҷумҳурӣ 15 миллион сомонӣ зарар расонда, сабаби ҳалокати 8 нафар шуданд. Соли 2021 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 42 нафар ҳалок шуда буданд.

Ин бори аввал нест, ки деҳаи Шуҷанд мавриди ҳамлаи селҳои харобиовар қарор мегирад. Моҳи июли соли 2021 низ сел ба хоҷагиҳои ин деҳа зарари зиёд расонда буд.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=182093297228268&set=pcb.182094040561527

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button