Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ ПАДАРАШ

Шоми 26-уми август, тахминан соати 19:30,  бар асари ба ҳам бархӯрдани  ду мошини тамғаҳои «Тойота-Марк» ва “Мерседес” дар  ноҳияи Спитамен, ронандаи “Мерседес”, сокини 42–солаи ноҳияи Фархор ҷон бохта, ронандаи “Тойота”, сокини 31–солаи шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст.

хххххххххххххххх

Соати шаши субҳи 26-уми август, дар ноҳияи Ҷомӣ як кӯдаки сесола зери мошини  боркаши падараш монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххх

Сокини 45-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз сокини 56-солаи Душанбе 28 ҳазор доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ду ҳодисаи нақлиётии марговар

016

26-уми августи соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк», Шукурзода Равшанҷони Тилло, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Вадудов Дилшод Алимаҳмадович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст.
Дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Вадудов Д.А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми августи соли 2022, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ Файзович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани автомашина ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа. хурдсол Бердизода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

04

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 28 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар мудати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button