ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МАСЪУД СОБИРОВ – РАИСИ СОБИҚИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ ВА БАРОДАРЗОДАИ БОЗОР СОБИР

Масъуд Собиров, иқтисодшинос, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва бародарзодаи шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир, рӯзи 26 августи соли 2022 дар синни 63 дар зодгоҳаш,  ноҳияи Файзобод аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва дафни Масъуд Собиров рӯзи 27 август дар деҳаи Сӯфиён дар канори шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад. Ораш Собиров, писари марҳум ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ чанд соли охир аз бемории қалб азият мекашид ва зери назорати табибон қарор дошт.

Масъуд Собиров солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иқтисод дарс медод ва дар Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи миллии илмҳо кор мекард.

Соли 2006 дар пайи маҳкум ба зиндон шудани раиси қаблии ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Масъуд Собиров ба ҷои ӯ раҳбари ин ҳизб шуд. Тарафдорони Искандаров мегуфтанд, ки Масъуд Собиров проекти ҳукумат аст барои ҷудоӣ андохтан дар сафҳои ин ҳизби мухолиф. Худи Собиров инро рад мекард, вале раванди ба мавқеи  тарафдори ҳукумат рӯ овардани ҳизби демократ дар давраи раҳбарии ӯ оғоз ёфт.

Вале ӯ пурра “проекти ҳукумат” шуда натавонист: рӯҳи саркаши Масъуд Собиров гоҳо аз худ дарак медод ва ӯ даст ба иқдомҳое мезад ваё дар мавзӯъҳои доғи рӯз чунон изҳори назар мекард, ки ба болонишинҳо чандон хуш намеомад.

Дар натиҷа, дар поёни соли 2012 як гуруҳи аъзои ҳизби демократ бо баргузории як анҷумани ғайринавбатӣ Масъуд Собировро аз мақоми раҳбарии ҳизб барканор ва ба ҷои Саидҷаъфар Исмонзодаро раис интихоб карданд.

Масъуд Собиров, ки ба анҷумани ғайринавбатии ҳизбаш ҳатто даъват нашуда буд, баргузории ин анҷуман ва барканории ӯву интихоби раиси навро ғайриқонунӣ номид, вале дигар даъво накард ва бо ҳамин аз майдони сиёсат канор рафт.

Солҳои охир ӯ ба корҳои илмиаш дар Пажуҳишгоҳи иқтисод тамаркуз карда буд ва гоҳ-гоҳ дар матбуот дар бораи масоили доғи Тоҷикистон изҳори назар мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button