ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

68 ОИЛАРО АЗ ДЕҲАИ ШУҶАНДИ НОҲИЯИ РӮШОН БА ҶОИ БЕХАФВ КӮЧОНДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 августи соли 2022 дар пайи омадани сел дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон 68 оиларо ба макони бехатар кӯчондаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ, рӯзи 24 август, тахминан соати 14:30, бар асари боридани  борони шадид дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омад.

Сел билофосила  ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр баст. Оби беруншуда аз канал вориди 2 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ гардида, инчунин ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ зарар расонд.

Бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонии одамон 68 хоҷагӣ, иборат аз 143 нафар ба бинои мактаби миёнаи №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехафв кӯчонида шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи муассисаи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскаватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома доранд.

Рӯзи 25 август 68 хоҷагие, ки аз хафви офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад.

Дар нимаи аввали соли 2022 офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба хоҷагии ҷумҳурӣ 15 миллион сомонӣ зарар расонда, сабаби ҳалокати 8 нафар шуданд. Соли 2021 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 42 нафар ҳалок шуда буданд.

Ин бори аввал нест, ки деҳаи Шуҷанд мавриди ҳамлаи селҳои харобиовар қарор мегирад. Моҳи июли соли 2021 низ сел ба хоҷагиҳои ин деҳа зарари зиёд расонда буд.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=182093297228268&set=pcb.182094040561527

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button