Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҚАЛБИ ШАБ ДАР ИСФАРА ВА ҚАЛЛОБИИ ЗАНИ ПЕШСУДШУДА

Шаби 19-уми август, тахминан соати 03:40, бар асари ба симчӯби бетонӣ бархӯрдани мошини “Мерседес” дар маркази шаҳри Исфара, ронандаи ин мошин, сокини 23-солаи Исфара дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххх

Зани 54-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш ҳам бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 246 (тасарруфи пул қарз) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст,  ба он айбдор мешавад, ки ҳанӯз соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда зимни бархӯрди автомашина ба симчӯби бетонӣ

017

Шаби 19-уми августи соли 2022, тахминан соати 03:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Султонхӯҷаев Ҳадиятулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Султонхӯҷаев Ҳ.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба қаллобӣ задани зани қаблан судшуда

036

Ба ШВКД-1 дар ноӽияи Фирдавсӣ бо ариза марди 61-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2014 зани 54-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 246 (тасарруфи пул қарз) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button