ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ИЗҲОРИ ТАШВИШИ ГУЗОРИШГАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ВА CFWIJ АЗ САРНАВИШТИ МАМАДШОЕВА ВА ДИГАР ФАЪОЛОНИ ҲАБСШУДАИ БАДАХШОН

Мэри Лоулор, Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавзӯи ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва асосгузори созмони байналмилалии Front Line Defenders (Ҳомиёни хатти пеши ҷабҳа), рӯзи 19 августи соли 2022 дар як баёнияи вижа дар Твиттер аз идомаи тафтишот ба зидди ҳомиёни ҳуқуқ ва адвокатҳои зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашов ва Хурсанд Мамадшоев изҳори нигаронӣ кардааст.

“Ман аз тафтишоти давомдор дар Тоҷикистон нисбат ба ҳомиёни ҳуқуқ хонум Мамадшоева ва ҷанобон Холиқназаров, Иргашов ва Мамадшоев, ки ба онҳо, ба эҳтимоли ғолиб, барои ҳимояташон аз ҳуқуқи ақалияти помирӣ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад, нигарон мебошам”, – навиштааст Мэри Лоулор бо хитоб ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар Душанбе касе то кунун ба ин муроҷиати хонум Лоулор посух надодааст.

Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва роҳбари созмони ғайридавлатии “Инсоф ва Номус”, рӯзи 18 майи соли 2022 бо иттиҳоми ташкил ва роҳбарии эътирозҳои ахир дар Бадахшон ва аз хориҷа гирифтани пул барои анҷоми ин нақша ба ҳабс гирифта шуд. Ҳоло дар боздоштгоҳи КДАМ дар як мурофиаи пушти дарҳои баста муҳокимаи парвандаи ӯву шавҳари собиқаш генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 100 айбдоршавандаи дигар аз парвандаи ба ном “рӯшониҳо” ба поёни худ наздик мешавад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои генерал Холбашев ҳукми зиндони умрбод ва барои Мамадшоева 25 соли зиндон талаб кардааст.

Раҳбари анҷумани ҳуқуқшиносони Помир Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашов ва Хурсанд Мамадшоев аъзои “Комиссияи 44” буданд, ки эътирозгарон дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, моҳи ноябри соли 2021 барои музокирот бо мақомот ва назорати баъдӣ бар ҷараёни иҷрои талабҳояшон созмон доданд. Дар пайи саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 мақомот тақрибан 10 нафар аз аъзои “Комиссияи 44”-ро ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили эътирозҳо ва аз хориҷа гирифтани пул дастгир карда, ба Душанбе оварданд.

Дар ин ҳафта Эътилоф барои занон дар журналистика (CFWIJ), як созмони байналмилалӣ, ки аз ҳуқуқи занони журналист ҳимоят мекунад, бо нашри як баёнияи алоҳида ба Улфатхоним Мамадшоева изҳори якдилӣ ва ҳамбастагӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, Мамадшоева ва ҳамаи дигар журналистони ҳабсшударо озод кунанд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 16 август дар сомонаи Эътилоф барои занон дар журналистика нашр шудааст, чунин гуфта мешавад:  “Мо аз мақомоти Тоҷикистон дахват мекунем, ки Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев ва дигар журналистони пушти панҷара ва таҳти тафтиш қарордоштаро билофосила озод карда, ҳама гуна иттиҳомоти зидди онҳо эълоншударо бекор кунанд. Мақомоти Тоҷикистон таъқиби журналистонро бояд бас кунанд. Эхтилоф таъқиби журналистон ва мухолифинро бо ҳадафи бастани садоҳои мунтақид маҳкум мкекунад. Мо аз мақомот даъват мекунем, то ба журналистон инъикоси озодонаи  рӯйдодҳоро иҷозат бидиҳанд”.

Моҳҳои май ва июни соли 2022 мақомоти қудратии Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз силоҳи ҷангӣ ва нирӯ саркӯб карданд. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 40 нафар кушта шуда, дар умум дар Бадахшон ва берун аз он ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтор дастгир шуданд. Аз ҷумла аз 12 лидери ғайрирасмии фаъоли Бадахшон 3 нафараш (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов)  дар Хоруғ кушта шуда, дигарон, аз ҷумла генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков, бародари хурдии фармондеҳи машҳури нирӯҳои худдифои Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдуламон Аёмбеков, маъруф ба Лёша-Горбун,  ба ҳабс гирифта шуданд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ ба зидди эътирозгарони осоишта аз силоҳи ҷангӣ истифода бурданд. Мақомот инро рад мекунанд ва меӯянд, дар ҷараёни “амалиёти ҳарбӣ” танҳо аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гуруҳҳои террористиву ифротӣ боздошт ё безарар гардонда шуда, касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст.

Вале созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла парлумони Аврупо ин иддаои мақомоти Тоҷикистонро қабул надоранд ва ба таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Бадахшон ва таъмини дастрасии озодонаи созмонҳои башарӣ ва ҳомии ҳуқуқ ба маҳалли муноқиша даъват мекунанд. Дар Душанбе даъват ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Бадахшонро рад мекунанд,

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button