ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: 8 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХУДОЙДОД ҲАКИМОВ БО ҶУРМИ ҚАСДИ ҲАМЛА БА ПУЛИСИ ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 18 августи соли 2022  додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷавони 24-сола аз Тоҷикистон Худойдод Ҳакимовро бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Се соли аввали ҳукми худро Ҳакимов дар шароити сахттарин, дар маҳбаси пӯшида адо хоҳад кард ва 4 соли боқимондаашро дар маҳбаси низомаш сангин.

 Барномаи “Степень защиты” дар шабакаи телевизионии “Петербург” дар як гузориши вижа аз толори додгоҳ хабар дод, ки Худойдод Ҳакимов  ба Петербург аз Тоҷикистон омада, дар як корхона (завод) ба кор даромад ва ҳамроҳи гуруҳе аз ҳамватанҳояш дар манзиле дар хиёбони Стачкии ноҳияи Киров дар қисмати ҷанубии шаҳр иҷора менишаст. Моҳи июни соли 2020 ФСБ 7 бошандаи ин хонаро бо иттиҳоми пайравӣ ба ақидаҳои тунди исломӣ дастгир кард.

ТВ “Петербург” дар гузоришаш бо такя ба маводи парванда мегӯяд:  “Бино ба фарзияи тафтишот,  ин 7 нафар мехостанд ба Сурия рафта, ба ҷангҷӯяни созмони террористии дар Русия мамнӯъ (манзур: ДОИШ) бипайванданд. ПВале пеш аз онҳо қасд доштаанд ба кормандони пулис дар Петербург ҳамла оварда, ҳам аслиҳа ба даст биоранд ва ҳам боварии фармондеҳони ояндаи худро соҳиб шаванд. Дар сурати ба далеле иҷро нашудани ин нақша онҳо ҳамчун нақшаи алтернативӣ куштори мардуми оддиро низ баррасӣ мекарданд”.

Ба ақидаи тафтишот, маҳз Худойдод Ҳакимов ҳамватанҳои худро ба чунин фаъолиятҳои террористӣ даъват мекардааст. Худи ӯ барои шарҳи ин иттиҳомот дастнорас аст, вале бино ба гузориши ТВ “Петербург”, Ҳакимов дар ҷараёни мурофиа ба ин иттиҳомот иқрор карда, тамоми гуноҳро ба гардани худ гирифтааст.

Дар солҳои охир даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аз ҷумла рӯзи 18 август Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ ҷумҳурии Доғистони Русия хабар дод, ки дар инҷо ба зидди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Избербаш (Йизбирбош) зиндагӣ мекард, бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои мусаллаҳи як созмони террористии дар Русия мамнӯъ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. ФСБ  гуфт, ин зодаи Тоҷикистон мехост ба Сурия рафта, ба гуруҳҳои мусаллаҳи марбут ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) бипайвандад, вале дастгир шуд.

 “Шаҳрванди Тоҷикистон мехост аз фурудгоҳи Махачқалъа (пойтахти Доғистон) ба шаҳри Истанбул (Туркия) парвоз карда, сипас аз марзи Туркия бо Сурия убур кунад. Вале ба ӯ аамалӣ сохтани ин нақшааш муяссар нашуд, чунки ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати ФСБ Доғистон.

Акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қонунҳои Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Исми ӯ нашр нашудааст. Назари худи дастгиршуда ваё наздикон ё адвокаташ дастрас нест, ки оё ба ин иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда чӣ назар дорад?

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ меафтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button