ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: 6 КУШТА ВА 15 ЗАХМӢ БАР АСАРИ ТАРКИШИ ГАЗ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки рӯзи 18 августи соли 2022 бар асари таркиши гази метан дар як автобус дар вилояти Сирдарё дастикам 6 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ин ҳодисаи нохуши маргбор соати 14:30 дар як нуқтаи фурӯши газ дар ноҳияи Оқолтин рӯй додааст. Гуфта мешавад, таркиш замоне рух дод, ки балонҳои гази автобуси тамғаи “Исузу”, марбут ба як мактаби ронандагии ноҳияи Боғоти вилояти Хоразмро дар ин нуқтаи фурӯши маводи сӯхт бо гази метан пур мекарданд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон гуфт, ба маҷруҳон ёрии тиббӣ расонда мешавад. Роҳбароин ин вазорат ба ҷои ҳодиса омаданд ва дар робита ба ин фалокати пурқурбонӣ тафтишоти пешакӣ шурӯъ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button