ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМА ДАР ҶАМОАТИ ЛАХШ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин вазорат, рӯзи 18-уми августи соли 2022, тахминан соати 14:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Икром Сироҷович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда Саидов И.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ноҳияи Лахш дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон ҷойгир шудаааст.
Танҳо дар ҳафтаи равон ВКД дар бораи ҳалокати дастикам 9 нафар, аз ҷумла 5 зан ва 3 кӯдаки хурдсоли то синни 5 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дод.  

Ҳар сол бар асари то 1500 садама дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Ҳамин тавр, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар  ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button