ВидеоҲуқуқи инсон

ДАР ВАҲДАТ ЯК КОРМАНДИ АНДОЗРО БАРОИ БЕПАРВОӢ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН 1920 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат корманди нозироти андози ин шаҳр Абдумансур Раҳмониёнро бар асоси моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон дар риоя накардани тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон гунаҳкор шинохта, ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 августи соли 2022 дар шарҳи ин парвандаи дар ин ҷумҳурӣ ба сари худ нодир гуфт,  Абдумансур Раҳмониён дар мавриди баррасии 25 муроҷиати шаҳрвандон фориғболӣ зоҳир кардааст.

Гуфта мешавад, Раҳмониён Абдумансури Амирзод, дар асоси фармони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020, таҳти №1077 ба ҳайси мутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, таъин гардида, то инҷониб фаъолият карда, ба вайронкунии қонунгузорӣ оиди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даст задааст.

“Чунончӣ, дар давраи фаъолияти кориаш аз тарафи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, ба Раҳмониён А.А., зиёда аз 25 муроҷиати шаҳрвандон барои баррасӣ вогузор карда шудааст. Аммо, номбурда ҳангоми баррасии муроҷиатҳо талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро сарфи назар карда, бо муроҷиати соҳибкори инфиродӣ Каримов Абдураҳмон, ки он дар истеҳсолоташ қарор дошта, бе сабабҳои узрнок муҳлати баррасии муроҷиати мазкурро дағалона вайрон намуда, то ин ҷониб фаъолияти соҳибкориашро қатъ накарда, ба муалифи ариза ҷавоби хаттӣ ирсол накардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Ин ниҳод мегӯяд, тибқи талаботи моддаи 17 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд, ки баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи қисми 3 моддаи 20 Қонуни номбурда муроҷиатҳои хаттӣ дар сурате баррасишуда эътироф карда мешаванд, ки агар ҳамаи масъалаҳои дар муроҷиат зикрёфта ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунанда чораҳо андешида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ ирсол шуда бошад.

Прокурори шаҳри Вахдат ба ин далел нисбат ба Раҳмониён А.А. бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба суд ирсол намудааст.

Бо қарори додгоҳи шаҳри Вахдат, Раҳмониён А.А. бар асоси  моддаи 87 гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Мавридҳои барои бепарвоӣ нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷазо додани мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон хеле ангуштшуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button