ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПУТИН ДИПЛОМАТИ ФОРСИДОНРО САФИРИ НАВИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН КАРД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 16 августи соли 2022  бо судури ду фармон сафири кишвараш дар Тоҷикистонро иваз кард. Дар ин мақом баъди 9 соли скораш дар Душанбе Игор Лякина-Фроловро,  ки аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд, Семён Григорев иваз мекунад.

Семён Григорев,  ки 62 сол дошта, соли 1960 дар Маскав ба дунё омадааст ва МГИМО –  донишкадаи муътабари равобити байналмилалиро хатм кардааст, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, ба чанд забон, аз ҷумла ба англисӣ, форсию дарӣ ва пашту балад буда, озодона суҳбат мекардааст. Семён Григорев дар вақташ дар сафоратҳои СССР ва Русия дар Эрону Афғонистон кор карда, тӯли 10 сол – аз соли 2008 то 2018 – сафири Русия дар ҷумҳурии худхондаи Абхозистон буд ва чор соли охир  дар вазорати хориҷаи Русия раҳбарии  департаменти равобит бо парлумон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва минтақаҳои Русияро бар уҳда дошт.

Семён Григорев алакай таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро дорад – дар авоили аср, дар солҳои 2000-2001  ӯ ба ҳайси мушовири сиёсӣ дар дафтари САҲА дар Душанбе кор кардааст.

Игор Лякин-Фролов, ки рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ ба синни 74 мерасад, ба эҳтимоли ғолиб, бо тарки мақомаш дар Тоҷикистон, ба нафақа гуселонида хоҳад шуд.

Ба фарқ аз дипломатҳои ғарбӣ, ки дар пайи таъйиноташон ба Тоҷикистон, кӯшиш мекунанд, то забони тоҷикиро ёд бигиранд ва бо мардум ва ҳатто дар ҷаласаҳои расмӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат кунанд, дипломатҳои рус дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба забони русӣ ҳарф зананд ва ба омӯхтани забони тоҷикӣ алоқаи чандоне нишон намедиҳанд. Ҳатто Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Душанбе, ки форсиро хуб медонист, кӯшиш мекард, ки дар ҳама ҷо ба русӣ суҳбат кунад. Ҳоло бубинем, ки оё Семён Григорев ин стереотипро метавонад бишаканад ё ӯ ҳам дар Тоҷикистон ба забони русӣ тарҳеҷ хоҳад дод?

Ёдовар мешавем, ахир Амрико низ эълон кард, ки сафирашро дар Тоҷикистон иваз мекунад. Ба ин мақом ба ҷои Ҷон Марк Поммершайм, ки аз соли 2019 дар Душанбе кор мекунад, номзадии

Мануэл П. Микаллер пешбарӣ шудааст.

Русия шарики асосии стратегии Тоҷикистон эътироф шуда, дар ин кишвар бузургтарин пойгоҳи ҳарбии хориҷиашро бо зери 7 ҳазор афсару аскар ҷойгир кардааст. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи 201-уми Русияро дастикам то соли 2042  тамдид карда, онро як кафили асосии таъмини субот ва амният дар ҷумҳурӣ ва минтақа мешуморад.

 Тоҷикистон нафақат аз лиҳози сиёсӣ, балки аз нигоҳи иқтисодӣ низ сахт вобастаи Русия аст, чунки беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кораш ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Рӯзгори аксари оилаҳо дар Тоҷикистонро асосан пулҳое таъмин мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан ба наздикони худ мефиристанд. Соли 2021 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар пул фиристодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button