ИқтисодМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

АВТОБУСҲО АЗ ФАРҒОНА БА САМАРҚАНД АЗ ИН БА БАЪД ТАВАССУТИ ХУҶАНД МЕРАВАНД (6 AKC)

Аз ин ба баъд автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Фарғона ва Самарқанди Ӯзбекистон аз тариқи шаҳри Хуҷанду Тоҷикистон мусофир хоҳанд кашонд. Ин тӯли роҳро хеле кӯтоҳтар ва муддати сафарро хеле камтар мекунад.

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод, ки нахустин автобусдар хатсайри Фарғона – Хуҷанд – Самарқанд субҳи 13 август ба сурати озмоишӣ аз автовокзали Фарғона ба роҳ баромад. Нахустин мусофирони автобуси тамғаи “Yutong”–и марбут ба корхонаи “Uzautotrans service” кормандони идораи нақлиёти вилояти Фарғона, ҳамчунин гуруҳе аз фаъолон ва намояндагони насли калонсоли сокини ин вилоят буданд, ки баъди солҳои тӯлонӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

 Масофаи ин хатсайри Фарғона – Самарқанд 618 километрро ташкил дода, тӯли сафар 12 соату 50 дақиқаро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, қарор аст, ба наздикӣ ҳаракати автобусҳо дар хатсайри Гулистон – Қӯқанд ба роҳ монда шавад, ки маркази вилояти Сирдарёро бо водии Фарғона ҳамчунин тавассути қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Ҳамагӣ чанд сол пеш, инки автобусҳои Ӯзбекистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мусофир бикашонанд, амре тасаввурнопазир буд.

Қарори маълум, равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони раҳбарии президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов даврони мураккаби шабеҳи ҷанги сардро пушти сар кард. Ӯзбекистон он вақт парози ҳавопаймоҳо ва автобусу қаторҳоро байни ду кишвар манъ карда, бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ кард ва марзҳояшро бо ин кишвар минакорӣ карда буд.

Дар замони Каримов сатҳи табодули маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя низ ба ҳадди пасттарин пойин рафта буд ва солона ҳамагӣ чанд миллион долларро ташкил медод.

Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки  асли аҷдодаш аз  шимоли Тоҷикистон, аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, равобити Тошканд бо Душанбе рӯ ба гармшавӣ овард.

Мирзиёев  режими визаро бо Тоҷикистон бекор кард ва гузаргоҳҳои қаблан басташуда дар марз бо ин кишварро аз нав кушод, парвози ҳавопаймоҳову ҳаракати автобусҳоро барқарор кард ва сатҳи харидуфурӯши маҳсулот байни ду кишвар низ, тавре президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли ҷорӣ зимни сафари навбатиаш ба Тошканд таъкид кард, баъди даргузашти Ислом Каримов 40 маротиба боло рафта, ба 600 миллион доллар расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button