ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК РОНАНДАРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ДАШНОМҲОИ ҚАБЕҲ 15 РӮЗ ҲАБС КАРДААНД

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 12 августи соли 2022 хабар дод, ки  як ронандаи “Опел” барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ додан ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ахиран аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳматов Акмал Исроилович, санаи таваллудаш 23.05.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 0709ВВ03 барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
 “Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 11-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 14:30 дақиқа ҳангоми дар назди бозори «Саховат», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштан, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари ба қоидавайронкунӣ даст задан, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задааст. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Раҳматов Акмал протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Солҳои охир дар шаҳри Душанбе муҷозоти шаҳрвандон, бахусус ронандагони мошинҳои такси барои дағалрафторию дағалгуфторӣ, аз ҷумла истифодаи дашномҳои қабеҳ дар кӯча зиёд шудааст. Дар бештари мавридҳо дар пойтахти Тоҷикистон мардонро барои таҳқиру паст задани занону духтарон ба ҷавобгарӣ мекашонанд.

Бисёре аз сокинон, бахусус насли калонсол аз зиёд шудани истифодаи алфози қабеҳ дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳои Душанбе шикоят мекунанд ва мегӯянд, бисёр вақт  ба сабаби зиёд шунидани суханони қабеҳ аз сайругашт бо аҳли оилаи худ дар кӯча парҳез мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button