ВидеоМуҳоҷирон

ҲАЛОКАТИ СЕ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР СӮХТОР ДАР МЕҲМОНХОНАИ ЯК СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 11 августи соли 2022 дар натиҷаи сӯхтор дар як меҳмонхона дар деҳаи Малое Видное дар канори шаҳри Маскав се кӯдаки хурдсол  – ду хоҳари солҳои таваллудашон 2013 ва 2015 ва додараки онҳо, соли таваллудаш 2016 ба ҳалокат расидаанд. Малое Видное дар ҳавзаи шаҳрии  Ленинский (собиқ совхози ба номи Ленин), ҳамагӣ 3 километр дуртар аз МКАД (роҳи ҳалқаи атрофи Маскав) дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия ҷойгир шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, модари ин тифлон ҳангоми сӯхтор дар меҳмонхона набудааст, ӯ дари кӯдаконро маҳкам карда, аз паси корҳояш баромада рафтааст. Кӯдакон дар қабати сеюми ин меҳмонхонаи хиштини сеқабата, дар қабати мансарда будаанд ва вақте дар ҳуҷраашон сӯхтор ба амал меояд, кӯдакон ба сабаби баста будани дар берун баромада натавонистаанд ва дар даруни оташ зинда ба зинда сӯхтаанд.

Сарраёсати МЧС вилояти Маскав гуфт, хабари сӯхтор дар кӯчаи Садоваяи деҳаи Малое Видное соати 16:04 расид ва бо вуҷуди ҷалби 14 техника ва 42 сӯхторнишон танҳо баъди шашуним соат, соати 22:37 шаби 11 август ба онҳо муяссар шуд, ки сӯхторро пурра хомӯш кунанд.

Баъжи фурӯ нишондани сӯхтор аз қабати сеюми се фарзанди як зани 31-солаи ҷумҳурии Доғистон:  Зайнаби 9-сола, Фотимаи 7-сола ва додараки панҷсолаи онҳо Ҳусейнро пайдо кардаанд.

Олга Врадий, сухангӯи сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми сеюми моддаи 109 (ҳалокати беш аз ду нафар аз беэҳтиётӣ) ва қисми сеюми моддаи 238 (ироаи хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи меъёрҳои бехатарӣ нест) парвандаҳои ҷиноятӣ кушода, дар чорчӯби парвандаи аввал мудири меҳмонхонаро боздошт кардаанд. Хонум Врадий гуфт, ҷараёни тафтишотро бевосита сардори Сарраёсат А.Ю.Стариков зери назорати худ гирифтааст.

Дар кӯчаи Садовая дар деҳаи Малоев Видное, ки сӯхтор рух дод, меҳмонхонаи “Сино”, мутааллиқ ба соҳибкори 68-солаи тоҷик Абдуқодир Ҷабборзода ҷойгир шудааст. Умури ин меҳмонхонаро писари ӯ Нодирҷон Ҷабборов дар даст дошт, вале маълум нест, ки дар робита ба марги се кӯдак ӯро дастгир кардаанд ё ягон менеҷери дигари меҳмонхонаро?

Абдуқодир Ҷабборзода (Ҷабборов)  молиқи шабакаи иборат аз чанд меҳмонхона дар вилояти Маскав, шаҳри Душанбе ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мебошад.

Бино ба тарҷумаи ҳолаш, ӯ 2 августи соли 1954 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло: ноҳияи Б.Ғафуров) ба дунё омада, соли 1975 Донишкадаи тибби шаҳри Харковро бо ихтисоси табиби гигиена, соли 1991 риштаи иқтисодӣ ва соли 1992 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҷабборов дар даврони Шӯравӣ солҳои зиёд муовини сартабиби Маркази санитарию эпидемиологии ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои 1993 ва 1994, дар давраи сарвазирии Абдумалик Абдуллоҷонов муовини сардори раёсати коргузории Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Ӯ сипас ба кори меҳмонхонаҳо гузашта, аз соли 1994 то 1992 мудири меҳмонхонаи дастгоҳи президент дар шаҳри Душанбе ва аз соли 1992 то 2002 мудири кулли меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав будааст.

Баъди тарки ин мақом Ҷабборзода дигар дар соҳаи меҳмонхонадорӣ монд ва шабакаи меҳмонхонаи шахсии худро дар Русияву Тоҷикистон ташкил кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button