ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

СОҲИБКОРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АБӮБАКР АЗИЗХОҶАЕВ АЗ ДУНЁ РАФТ

Соҳибкори маъруфи тоҷик Абӯбакр Азизхоҷаев, ки соли 2016 дар пайи як номааш ба президент бо ҷурми “барангехтани кинаву адоват”, вале амалан барои танқиди мақомот ба дувуним соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 8 августи соли 2022 дар синни 66 аз олам чашм пӯшид.

Дар бораи даргузашти Абӯбакр Азизхоҷаев дар Фейсбук Масрур Қодиров хабар дод. “Азизхоҷаев Абӯбакр, билохира ту барои ҳамеша озод шудӣ – ҳам аз мову ҳам аз ҳама дигарон! Худо раҳматат кунад..!” – навиштааст Масрур Қодиров. Дар бораи иллати марги соҳибкори маъруф дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Абӯбакр Азизхоҷаев аз хайли нахустин соҳибкорони тоҷик буд, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 80 по ба арсаи тиҷорат ниҳоданд. Исми ӯ соли 1989 замоне вирди забонҳо шуд, ки ба Бунёди забони тоҷикӣ 50 ҳазор рубли Шӯравӣ хайр кард. Дар он замон ин пули чанд мошину чанд хона дар Душанбе буд ва маблағи хеле бузург ба шумор мерафт.

 Азизхоҷаев ҳамин тавр, соли 2008 барои Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев, ки дар Олимпиадаи Пекин барои Тоҷикистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ оварданд, мутаносибан 5000 ва 3000 доллар тӯҳфа карда буд. Соли 2010 дар замони маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун Абӯбакр Азизхоҷаев эълон карда буд, ки омода аст ба маблағи 1 миллион сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби он замон) саҳмияҳои ин нирӯгоҳро бихарад.

Абӯбакр Азизхоҷаев роҳбарии ширкати “Дурнамо”-ро бар дӯш дошт. Ин ширкат то замони истеҳсол ва фурӯши рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиётро ба дасти худ гирифтани ширкати “Фароз”, ин тиҷоратро дар даст дошт.

Абӯбакр Азизхоҷаев дар поёни соли 2015 дар як нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон шикоят кард, ки тиҷорати ӯро зӯран аз дасташ гирифтанианд.

Ӯро моҳи феврали соли 2016 дастгир карданд ва барои чанд моҳ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ доштанд.

Моҳи июли соли 2016 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Азизхоҷаевро бо ҷурми “барангехтани кинаву адоват” ба дувуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дувуним сол ҳукмашро пурра адо карда, 1 сентябри соли 2018 ба озодӣ баромад. Баъди раҳоияш аз зиндон Абӯбакр Азизхоҷаев аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ дигар комилан канор рафт ва гӯшанишиниро ихтиёр карда буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ парвандаи Абӯбакр Азизхоҷаевро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ӯро дар рӯйхатти маҳбусони сиёсӣ ҷо карда буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар ин кишварро ҳамеша рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button