ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚАТЛИ БАРОДАР АЗ ДАСТИ БАРОДАР ДАР ПОЙТАХТ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ҷинояти мудҳиш: қатли бародар аз дасти бародар дар пойтахт хабар дод. Бино ба иттилои нашршуда, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.
“Номбурда, шаби 2-юм ба 3-юми августи соли 2022, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш, марди 35-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, якдигарро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа, бародараш аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Сабаби муноқишаи ду бародар, ки ба чунин оқибати ҳалокатбор ва ҷинояти мудҳиш овард, гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ба ин мард барои қатли бародараш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз аввали моҳи август ин алакай дастикам дуюмин мавриди расонаишудаи қатли хешовандони наздик дар Тоҷикистон аст.

ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки шавҳари бадҷаҳле дар Истаравшан ҳамсари ҷавони 27-солаашро аввал латтукӯб карда, сипас буғӣ карда, куштааст.

 “Марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан 1 августи соли 2022, тахминан соати 16:30, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо ҳамсараш, ҷавонзани 27-сола, бо дасту пойҳояш ба узвҳои муҳими бадани ӯ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, сипас бо роҳи бӯғӣ намудан ӯро ба ҳалокат расонидааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ  низ ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир мавридҳои қатли хешовандони наздик дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Рӯҳониён инро ба суст шудани имони мардум ва коҳиши арзишҳои мазҳабӣ рабт медиҳанд. Ҷомиашиносон тағйироти шаклгирифта дар сохти зиндагии мардум баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар шудани сохти иқтисодию иҷтимоиро дар кишвар далел меоранд ва ҳамчунин уфти арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва тағйир ёфтани нигоҳҳо ба оила ҳамчун як рукни муқаддасро далели афзоиши чунин ҷиноятҳо мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button