ВидеоМуҳоҷирон

ҚАСОС Ё..? 14 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ НАРКОБАРОН БО ЛАҚАБИ ЛЁНЯ ТАДЖИК ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Марҳалаи чоруми додгоҳи кассатсионӣ дар кишвари Краснодари Русия низ ҳукми зодаи Тоҷикистон Лутфиддин Рӯзиматов, маъруф бо лақаби Лёня Таджикро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи қаблан Лёня Таджикро бо ҷурми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд. Бино ба иттилои хабаргузории “ВолгаНьюс”, Лёня Таджик дар додгоҳ гуфтааст, ки наберааш маризи сахт буд ва ба ҷарроҳӣ дар Исроил эҳтиёҷ дошт ва ӯ маҷбур шуд, ки даст ба қоҷоқи маводи мухаддир бизананд. Ҳамроҳ бо Рӯзиматов, додгоҳ боғбони ӯ Абдуғаффор Ориповро ҳам ба 9 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

 Лёня Таджик (Лутфиддин Рӯзиматов), ки қаблан дар Самара кору зиндагӣ мекард, моҳи октябри соли 2020 дар ҳавлии бошукӯҳаш дар ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи бо 8 кило ҳероин дастгир шуд. Бино ба иттилои “Волга Нюс”, мақомот тавассути Александр Кирилин ном як сокини Самара, ки мӯътоди маводи мухаддир буд ва дар наздикии хонаи Лёня Таджик дар Сочи дастгир шуд, аз паси Рӯзиматов шудаанд.

Баъди боздошти ӯ, боғбонаш Абдуғаффор Орипов ҳам, ки ба ҷуз боғбонӣ дар интиқоли маводи мухаддир ба Рӯзиматов кумак мерасонд, низ  дар Адлер, шаҳре дар канори Сочи ба даст афтод. Ориповро аввал ба истеъмоли маводи мухаддир айбдор карда, ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд, ки дар пайи раҳоияш ихроҷи ӯ аз қаламрави русияро ҳам мебоист ба дунбол медошт.

Вале Орипов бо изҳори пушаймонӣ ба зидди Лёня Таджик баёнот дод ва аз ҷумла нақл кард, ки чӣ гуна ба вай оварда расондани 11,5 кило ҳероинро, ки Лёня Таджик барои он 110 ҳазор доллар пешпардохт карда буд, нақл кардааст. Бино ба нақли Орипов, ӯ ба шаҳри N  рафта, онҷо як мошинро харид ва маводи мухаддирро дар дохили он мошин ҷой карда, мошинро тавассути як ширкати боркашонӣ ба Сочи фиристод. Дар инҷо мошинро аз он ширкат гирифт ва то хонаи Лёня Таджик ҳай карда бурд. Ориповро вақте дастгир карданд, ки ӯ 4 кило ҳероинро барои харидори навбатӣ мебурд. Ӯ мошинро дар як таваққуфгоҳи мошинҳо ва калидашро дар баки бензин гузошт. Харидор бехабар аз онки зери дурбини кормандони пулис қарор дорад, омаду калидро гирифт ва мошинро кушод, вале ҳамон ҷо дастгираш карданд.

Дар тирамоҳи соли 2020, баъди боздошти Лёня Таджик, ВКД Русия видеои 6-дақиқагии амалиёти боздошти ӯ дар ноҳияи Хостаи шаҳри Сочиро нашр кард. Дар видеои нашршуда дида мешуд, ки як марди ришдори танаш урёнро зоҳиран аз дар айни масти хоб буданаш дастгир кардаанд, чунки дар танаш ба ҷуз аз як трусии кӯтоҳи навъи ҳипс либоси дигаре надоштадорад.

Дар видео ҳамчунин овози модари ин марди боздоштшуда ба гӯш мерасид, ки бо як овози олуда ба тарсу гиря ба забони тоҷикӣ мепурсид: «Чӣ шуд, бачам?»

Бино ба иттилои “Волга Нюс”, Рӯзиматов қаблан дар Самара кору фаъолият дошт ва дар соли 2018 дар парвандаи ду афсари баландпояи ФСБ, ки ба коррупсия, аз ҷумла ба «ҳақ» гирифтан аз қочоқбарони маводи мухаддир айбдор мешуданд, ҳамчун шоҳид мегузашт. Гуфта мешуд, ки яке аз он афсарон – подполковник Александр Молчанов барои «нигоҳубин»-и як таваққуфгоҳи мошинҳо (автостоянка) ҳар моҳ аз Лёня Таджик 50 ҳазор рубл «ҳақ» («доля») мегирифт ва ба болои ин, аз ӯ барои ҳалли мушкилоташ бо пулис 6 миллион рубли дигар тамаъ кардааст.

Бо вуҷуди маҳкум шудани он ду афсари ФСБ, Рӯзиматов он вақт ба хабарнигорон гуфта буд, ки «қарз қарз аст ва 4 миллион рубл қарзи дигар аз Молчанов дар гардани ман боқӣ мондааст.» Чунин эҳтиёткории Рӯзиматов беҳуда набуд, чунки он ду афсар баъди муддати кӯтоҳе аз маҳбас озод шуданд. Аммо маълум нест, ки оё боздошту ҳукми зиндони Лёня-Таджик дар Сочи интиқом барои шоҳидӣ доданаш ба зидди афсарони ФСБ буд ё ин ду ҳодиса ба ҳам рабт надоранд?

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Ҳоло дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон бо ҷурмҳои мухталиф адои ҳукм мекунанд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки онҳо бо ҷурмҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Вале аксаран “моҳачаҳои хурд”, аз ҷумла майдафурӯшони маводи мухаддир, ё онҳое, ки ҳамчун “контейнер” барои интиқоли ин мавод истифода мешаванд, ба даст меафтанд. Мавридҳо боздошт ва зиндонӣ кардани наркобаронҳои бузург ангуштшуморанд. Чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button