ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯК НАВРАС АЗ МӮЪМИНОБОДРО БО МУШТ ЗАДА КУШТААНД

ВКД Тоҷикистон рӯзи 3 августи соли 2022 аз ошкор шудани як ҳодисаи фавти наврас бар асари латтукӯб хабар дод.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муноқиша намуда, бо мушт ба сатҳи чакагии мағзи сари ноболиғ задааст, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнин ба саломатиаш гирифтааст. Баъди ин муноқиша, ноболиғи мазкур санаи 13-уми июли соли 2022, тахминан соатҳои 04:00, дар хонаи истиқоматиашон фавтидааст. Мутобиқи хулосаи эксперти Маркази экспертизаи судию тиббӣ ноболиғ зарари вазнин ба саломатиаш гирифта, ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Тафсилоти дигар ҳодиса ва сабаби наврасро латтукӯб кардани он ҷавон гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳар сол бар асари занозаниҳо байни наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон чандин нафар захмӣ мешаванд. Ҳодисаҳои кушта шудани ҷавонону наврасон дар чунин ҳодисаҳо низ кам нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button