ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

МУСЛИМ ШЕРЗАМОНОВ, БАРОДАРИ АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  рӯзи 29 июли соли 2022  Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи умдаи дар Тоҷикистон мамнӯи оппозитсияи тоҷикро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Наздиконаш то кунун дар бораи бо чӣ ҷурме ба чунин муддати тӯлонӣ маҳкум шудани Муслим Шерзамонов ва ҳатто дар бораи бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуданаш чизе намедонанд.

Алим Шерзамонов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки мурофиаи парвандаи бародараш рӯзи 29 июл оғоз ёфта, алакай баъди чанд соат бо судури чунин ҳукми сангин ба анҷом расид.

“Ғайри ҳамон як силоҳе, ки баъди боздошташ дар хонаи Муслим партофтанд ва баъд гӯё худашон “ёфтанд” ва “мусодира” карданд, ҳеҷ далеле ба зидди бародари ман надошт тафтишот. Вале рӯзи мурофиа чанд иттиҳоми дигарро аз ҳаво ба номи ӯ часпонданд ва чунин ҳукми сангин доданд”, гуфт Алим Шерзамонов.

Мақомот то ҳол ҳукми Муслим Шерзамоновро шарҳ надодаанд.

Муслим Шерзамонов 56 сол дошт ва дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ карда, аз афроди наздик ба Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин маҳалла ба шумор мерафт. Дар замоне ки Боқир аз номи оппозитсия фармондеҳи қисми низомии марзбонӣ дар Мурғоб таъйин шуда буд, Муслим Шерзамонов дар он қисми низомӣ сардори ситод будааст. Вале ӯ хеле сол боз аз хидмати ҳарбӣ канор рафта,  вақтҳои охир як ширкати хурди сохтмонӣ дошт ва дар тендерҳои маҳаллӣ иштирок карда, бо ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекард.

Муслим Шерзамоновро рӯзи 12 июн, дар рӯзҳои силсилаи боздоштҳои чеҳраҳои бонуфузи Хоруғ ба бозпурсӣ даъват карда, ба ҳабс гирифтанд. Ин рӯзе буд, ки ду лидери ғайрирасмии маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ҳангоми боздошт кушта шуданд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 12 июн хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғ 10 нафар, аз ҷумла Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як эътилофи феълан дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳҳои оппозитсионӣ, низ дастгир шуд.

Ситод ин 10 нафари боздоштшударо “алоқаҳои ҷиноятии Мазоров ва Раҷабов” ном бурда, гуфт, “ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов  2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим   Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд”.

Алим Шерзамонов, дар гузашта яке аз роҳбарони Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ аз соли 2017 ба Лаҳистон паноҳ овардааст.

Мақомот моҳи май чандин бор ӯро ҳамроҳ бо Боқир, генерал Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ин генерал Улфатхоним Мамадшоева ба ташкилу роҳбарии эътирозҳои Хоруғу Рӯшон айбдор карданд. Вале Шерзамонов ин иттиҳомро рад карда, гуфт, мақомот ба хотири сафед кардани аъмоли худ мехоҳанд пои ӯ ва Паймони миллиро ба ҳаводиси Бадахшон бичаспонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button