ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

EURASIANET: ТОҶИКИСТОН БА МУАССИСАҲОИ МАРБУТ БА ОҒОХОН ФИШОР ОВАРДА ИСТОДААСТ

Нашрияи англисизабони Eurasianet.org, ки масоили АвроОсиё, аз ҷумла таҳаввулоти Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад, рӯзи 28 июли соли 2022 дар як матлаби муфассал аз таҳти фишор қарор гирифтани муассисаҳои марбут ба раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорум хабар дода, навиштааст, ин фишорҳо дар пайи таъқиботи зидди пайравони Оғохон дар Помир сурат мегирад.

Тарҷумаи ин матлабро инҷо нашр мекунем:

Мақомоти Тоҷикистон ба созмонҳо ва ширкатҳои таҳти назорати Оғохон фишор оварда истодаанд. Оғохон як филантроп, яъне эҳсонкори муқими  Аврупост, ки пайравони мазҳаби исмоилия дар Помир ӯро роҳбари рӯҳонии худ медонанд.

Ҳамла ба муассисаҳои Оғохон аз чанд самт идома дорад.

Pamir Daily News, Телеграм-канале, ки рӯйдолҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, ахиран хабар дод, ки вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мехоҳад иҷозатномаи литсейи Оғохонро дар Хоруғ бекор кунад. Ин литсей марбут ба Донишгоҳи  Осиёи Марказист, ки аз ҷониби Шабакаи рушди Оғохон (AKDN) маблағгузорӣ мешаванд. 

Ҳамин тавр, дигар чорабиниҳо барои кӯдакон, ки аз сӯи сохторҳои Оғохон роҳандозӣ мешуд, бо талаби қатъи фаъолият зери фишор қарор гирифтаанд. Лагерҳои тобистоона барои кӯдаконро, ки низ аз ҷониби муассисаи Оғохон маблағгузорӣ мешуд, пурра бастаанд. Кормандони кӯдакони марбут ба Донишгоҳи Оғохон дар Хоруғ тарс доранд, ки мақомот ин муассисаро ҳам давлатӣ мекунанд. 

На АКДН, на ҳукумати Тоҷикистонтҳеҷ кадоме аз ин рӯйдодҳоро шарҳ надодаанд.

Вале муассисаҳои тиҷоратии марбут ба Оғохон низ аз ин афту дарафтҳо эмин намондаанд.

Кормандони ин ширкатҳо ба шарти фош накардани номҳояшон хабар додаанд, ки Бонки якуми хурди молиявӣ ва ширкати алоқаи мобили  TCell мавриди санҷишҳои нлгаҳонӣ қарор дода шудаанд. Дар солҳои охир мавридҳои фаровони ғасби ширкатҳо аз ҷониби афроди марбут ба оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони ба ӯ наздик мушоҳида шудааст. Манобеъ дар дохили ширкатҳои марбут ба Оғохон тарс доранд, ки ҳадафи санҷишҳои ахир гӯё пайдо кардани компроматҳоест, ки метавонанд заминаро барои такрори баъдии чунин сенарий, яъне ғасби баъдии ин ширкатҳо фароҳам созад.

Решаииин мониасозиҳо дар роҳи фаъолияти ширкатҳои марбут ба Оғохон, эҳсонкоре, ки барои рушди Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ба эҳтимоли ғолиб, реша дар талошҳои ахири режими Раҳмон ҷиҳати таҳкими назораташ бар вилояти ноороми Бадахшон дорад. Аксари аҳолии ин вилоят аз нигоҳи мазҳаб пайрави Оғохонанд.

Таъқиботи ҳукумат, ки моҳи май оғоз шуд, боиси боздошти даҳҳо нафар ва куштани се лидери ғайрирасмии маҳаллӣ  – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов шуд. Лидери дигари ғайрирасмии помириҳо Толиб Аёмбеков моҳи июн ба ҳабс андохта шуд.

АКДН – Шабакаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон солҳои 90, баъди соҳибистиқлол шудани ин ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кард. Сокинони ВМКБ бар инанд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90, ки роҳи асосӣ ба ин вилоят баста шуда буд, маҳз Оғохон мардуми Бадахшонро аз саххтарин фалокати башарӣ – гуруснагӣ – наҷот дод.

Аз он замон ба баъд АКДН фаъолиятҳояшро дар Тоҷикистон ба ҳудуди хеле фаротар аз лоиҳаҳои башарӣ густариш дод ва ҳоло фаъолиятҳои сохторҳои Оғохон соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ ва мухобиротро низ фаро мегиранд. Сохторҳои Оғохон амалан бузургтарин кордиҳанда дар ин вилояти сахт маҳрум аз ҷои кор ва имкониятҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Роҳбари рӯҳонии исмоилиҳо шоҳзода Карим Оғохони чорум бори аввал соли 1985 аз Помири Тоҷикистон боздид кард. Ин рӯзро дар инҷо ҳамчун Рӯзи Нур ҷашн мегиранд. Пайравонаш ҳар сол ба шарафи зодрӯзи Оғохон низ тантанаҳо барпо мекунанд. Ин норозигии мақомоти расмии Душанберо ба бор овардааст, чунки онҳо парастиши шахси президент Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳ мондаанд ва дар расонаҳои расмӣ номи ӯро бо иловаи пурраи унвони расмиаш:  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба забон мегиранд.

Оғохон бори охирин ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 аз Тоҷикистон боздид карда буд. Аз он ба баъд сокинони Помир чандин бор умед доштанд, ки ӯро дар маросими ифтитоҳи чандин иншооти бо пули вай сохташуда, аз ҷума дар расми кушодани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ бубинанд, вале зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳояти амр монеи сафарҳои ӯ шуд.

Баъди таъқиботи имсола дар Бадахшон рамзҳои бахшида ба Оғохонро барчида истодаанд. Аз ҷумла ахиран як ёдгории аз санг сохташуда бо рамзи мазҳаби исмоилӣ ва бо мадҳу сано ба Оғохонро аз як кӯҳи канори Хоруғ барчиданд.

Шакли асли ин мақоларо бо забони англисӣ метавонед инҷо бихонед:

Tajikistan puts the squeeze on Aga Khan-linked entities

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button